Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон ва хатарҳои ҷаҳони муосир

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд перомуни масоили пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зуҳуроти номатлуб баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, муовини директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ М.Наҷотзода, роҳбарият ва кормандони Раёсати минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, сардорони раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохўриро муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Мубина Хоҷаева ифтитоҳ намуд. Сипас, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода бобати баланд гардидани мавқеи занон дар ҷомеа ва нишондиҳандаҳои гендерӣ дар мамлакат ибрози андеша кард.

Дар идома, қайд гардид, ки муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ зўроварию бадбинӣ, истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.

Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рўз қарор дорад.

Бо дарназардошти ин, тамоми сокинони мамлакат, махсусан, ҷавононро зарур аст, ҳушёриву зиракии хешро аз даст надода, донишҳои сиёсиву динӣ ва ҳуқуқии хешро баланд бардоранд ва дар ҳифзи якпорчагӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ саҳмгузор бошанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш