Нашрияи Омӯзгор

Анҷумани VI омўзгорон ва кормандони маориф

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 842        Шарҳ: 0

 

28-29-уми октябри соли 2021, соати 830 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омўзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони “Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манбаи стратегии рушди устувор” ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омўзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз меёбад, ки дар он омўзгорон ва кормандон соҳаи маорифи ҷумҳуриҳои Россия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардўстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Казак Галина Николаевна, ҳамраиси Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории башардўстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи Федератсияи Россия дар Шўрои ҳамкории башардўстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ Шведкой Михаил Ефимович, муовини вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Андреасян Жанна Арамовна, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Кадлубай Александр Владимирович, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Каринова Шолпан Танатовна, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷусупбекова Надира Синташевна, муовини аввали вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ҷонишини директори Институти илмӣ - тадқиқотии ба номи А.Авлонии Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ўзбекистон Пардаева Меҳринисо Дониёровна суханронӣ хоҳанд кард.

Сипас, анҷуман аз рўйи 5 номинатсия: муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф; вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ; муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омўзгор ва ташкили корҳои таълимӣ дар ташкилотҳои таълимии кишварҳои ИДМ; фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ байни ташкилотҳои таълимии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии башардўстона дар фазои ИДМ; ҳамкорӣ дар вусъат, паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ идома ёфта, намояндагон вобаста ба номинатсияҳо иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Фестивали маҳорати педагогии омўзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз маросими муқаддимавӣ аз рўйи номинатсияҳои “Муаллим”, “Мураббӣ” ва “Равоншиносӣ” ба кори худ идома медиҳад. Дар фарҷом ба иштирокчиёни Фестивал диплом супорида мешавад.

Ҳамчунин, дар рафти Анҷуман ба як қатор омўзгорон ва кормандони кишварҳои узви ИДМ нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» супорида мешавад ва иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва қасри “Кохи Наврўз” дидан мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки анҷумани омўзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ду сол як маротиба доир мегардад ва он ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷўи фаъолонаи шаклҳо ва механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш