Нашрияи Омӯзгор

Литсей 30-сола шуд

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ба муносибати 30-солагии таъсиси нахустлитсейи Хуҷанди бостонӣ - литсейи физикӣ - математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт, ки литсейи мазкур бо дастовардҳои афзунаш на танҳо ифтихори шаҳри Хуҷанд, балки тамоми вилоят аст. Хонандагони литсей дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳурияӣ ва байналхалқӣ соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардида, дастпарваронаш дар беҳтарин донишгоҳҳои минтақавию байналхалқӣ таҳсил менамоянд.

Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, фаъолияти литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимиро дар ҳамаи ҷодаҳо  намунаи олии пайравӣ ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳр донист.

Мавриди зикр аст, ки литсейи мазкур ҳанўз 30 сол муқаддам бо сарварии директори нахустини литсей, омўзгори варзида, ғолиби озмуни “Муаллими сол”-и ИҶШС Юлдошбой Рустамов дар ду синф, бо фарогирии 38 хонанда ташкил гашта, баҳри таълиму тарбияи толибилмони соҳибистеъдод хишти нахустин гузошта шуд. Дере нагузашта, литсей ба яке аз муассисаҳои беҳтарини на танҳо шаҳру вилоят, балки ҷумҳурӣ табдил ёфт. Моҳира Азимова, директори литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъкид дошт, ки ҳар як муваффақият ва дастоварди муассисисаи таълимӣ аз фаъолияти пурсамари омўзгорон буда, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳем, ки пешқадамиро на танҳо дар сатҳи вилоят, балки дар байни макотиби ҷумҳурӣ аз даст надиҳем.

Танҳо дар шаш соли охир дар олимпиадаҳои   шаҳрӣ   238   нафар, олимпиадаҳои  вилоятӣ  91,  олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 60, дар олимпиадаи “Кенгуру”-26, олимпиадаи “IMAS”-12 ва олимпиадаҳои байналмилалӣ 7 нафар соҳиби ҷойҳои 1, 2, 3 шудаанд.

Олимони ҷавони литсей низ чун ҳамасола рисолаҳои илмии худро дар сессияҳои  шаҳрӣ,  вилоятӣ  ва  ҷумҳуриявӣ  дар сатҳи баланд ҳимоя намудаанд.

Дар охир ба як қатор омўзгорони фаъол, собиқадорон ва волидайни намунавии муассиса сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш