Нашрияи Омӯзгор

Ғолибони сабқат

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рўзи байналмилалии “Туризм”, дар асоси нақшаи чорабиниҳои солонаи муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва маҳфили сайёҳии назди МТИ-и минтақаи Кўлоб, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар минтақаи Кўлоб, мусобиқаи “Техникаи сайёҳӣ” дар байни аъзои маҳфили сайёҳии МТИ-и минтақаи Кўлоб ва тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим дар шаҳри Кўлоб гузаронида шуд. Дар оғози ҳамоиш директори МТИ-и минтақаи Кўлоб Эмомалӣ Сайдамиров гуфт: - Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба сайёҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, обу тоб додани бадан, мустаҳкам намудани дўстӣ ва рафоқат дар байни кўдакону наврасон мебошад. Иштирокчиёни мусобиқа аз рўи шартҳои зерин: гузаштан аз монеаҳои сунъӣ, гузаштан аз байни бандҳои параллелӣ ҷамъ ва рост намудани хайма байни худ қувваозмоӣ намуданд. Тибқи низомномаи мусобиқа аз ҳар ду гурўҳ шаш нафар хонанда (4 нафар писар ва 2 нафар духтар) ширкат варзиданд.

Доварон ба маҳорату ҳунари варзишгарон дар иҷрои машқҳо баҳои ҳаққонӣ доданд. Ҷамолиддин Тоиров, мудири бахши рушди сайёҳии минтақаи Кўлоб ба ғолибони мусобиқа Фаррухи Абдусалом, Хисрави Муборакшо, Ҷаҳонгир Эмомов ва Наврўзи Аҳмад ифтихорномаи бахши сайёҳӣ ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кўлобро дар вазъи тантанавӣ супорид.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш