Нашрияи Омӯзгор

«Шоми фалак»

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

20-21-уми октябри соли равон ба муносибати Рўзи фалак дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев маҳфили фарҳангии «Шоми фалак» баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ифтитоҳ бахшид. Номбурда дар суханронии худ иброз дошт, ки асоси зарби фалак гуногун буда, ин қолабзарбҳо дар амалияи фалакхонӣ номҳои равона, зарби шикаста, чапзарб, чорзарб, зарб, ситоиш, уфар, ҳайдарӣ, сафарӣ, бепарвофалакро соҳиб шуданд. Жанри мусиқии фалак  дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми наву арзанда пайдо намуд. Барои ҳифзи ин падидаи маънавии аҷдодӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб, ҳамасола дар кишвар «Рўзи  фалак» таҷлил мегардад. Дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфта, ин навъи мусиқӣ аз сатҳи мактаби авлодӣ ба сатҳи мактаби касбӣ расид. Имрўзҳо фалакро дар коллеҷҳои мусиқӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги тоҷикон аз рўи усули «устод ва шогирд» меомўзанд. Олимону пажўҳишгарони соҳа дар бораи фалак таҳқиқоти зиёде анҷом додаанд…

Баъдан ба аҳли толор барномаи рангоранги мусиқӣ пешниҳод гардид.

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш