23-24-уми октябр дар осоишгоҳи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм бо иштироки муқарризони дарсҳои видеоӣ семинар-машварат доир гардид.
Ҳамоишро директори маркази номбурда Умедҷон Сафарзода ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки лоиҳаи «Рақамикунонии таҳсилот» бо дастгирии шарикони рушд-ЮНИСЕФ татбиқ гардида, корҳои техникии лоиҳа – наворбардорӣ, танзиму тадвини дарсҳои видеоӣ аз ҷониби ширкатҳои «Абдулло-медиа», «Ҳамсадо» … анҷом дода мешаванд.
Муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва илм Абдусаттор Наҷмиддинзода оид ба раванди амалисозии лоиҳаи мазкур маълумот дода, қайд кард, ки то имрўз беш аз 70 дарсади сенарияҳои дарсҳои видеоӣ (1209 дарс) омода ва ба муқарризон пешниҳод гардидаанд. Коршиносон ҳамаи онҳоро аз назар гузаронида, тақриз навиштаанд. Дар умум, гурўҳи кории лоиҳа бояд тибқи нақша то охири соли равон 2005 дарси видеоиро таҳия намуда, ба навор гиранд. Ин дарсҳо аз тариқи шабакаи телевизионии «Илм ва табият» нишон дода мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа қадами устувори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар самти рақамикунонии таҳсилот мебошад.
Муқарризон – олимон, қаламкашон, устодону омўзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи умумии кишвар дарсҳои видеоиро аз рўйи 14 фанни таълимӣ тамошо карда, фикру мулоҳизоту худро баён доштанд ва ба нуқсу камбудиҳои ҷойдошта ишора намуданд. Аз ҷумла, муқарризи дарсҳо аз фанни забони тоҷикӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» Саида Набизода иброз дошт, ки омўзгорон бояд ба тарзи талаффузи вожаҳо ва оҳанги гуфтори хеш бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Дилафрўз Қурбонӣ,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр