Душанбе: Бунёдкорӣ вусъат меёбад
Дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА қайд кард, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 93 иншооти гуногун корҳои сохтмонию васлкунӣ идома дошта, 21 иншоот мавриди истифода, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва азнавсозии 7 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар 28 бино ва иншооти корҳои таъмирӣ идома дошта, дар 8 бино корҳои таъмирӣ пурра ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 8404 ҷой, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 5804 ҷой ва аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ сохтмони 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой идома доранд.
Инчунин, сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 690 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 адад муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома доранд.
Дар ин давра бунёди 12 боғу гулгашт ва 92 майдончаи варзишӣ оғоз гардид. Аз тарафи масъулин дар 69 майдончаи варзишӣ ва дар 5 боғу гулгашт корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар иншооти боқимонда корҳо идома доранд.
Барои беҳтар гардидани раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе се барномаи ҳаётан муҳим, дар соҳаи маориф аз ҷумла, Барномаи рушди маорифи шаҳри Душанбе, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо пешбинӣ гардидани маблағгузорӣ дар ҳаҷми 29 447 380 сомонӣ қабул гардиданд, ки аз ташаббусҳои беназир арзёбӣ мегардад.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон 149 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (46 нафар ҷойи якум, 44 нафар ҷойи дуюм ва 59 нафар ҷойи сеюм) гардиданд. Инчунин, 20 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бо ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм ва 6 нафар ҷойи сеюм) сазовор гардиданд.
Мавсуф дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахт – шаҳри Душанбе куллан дигаргун мешавад. Дар ин муддат дар пойтахт тамоми симчӯбҳо иваз гардида, роҳҳо таъмиру навсозӣ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмиру навсозии роҳҳои пойтахт 270 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Баъди анҷоми таъмири асосӣ дар хиёбону кӯчаҳои марказии шаҳр ин иқдом дар дигари кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ мегардад.
Ҳамчунин, то ҷашни мазкур дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт сохтмони майдончаҳои варзишӣ, гулгашту боғҳои замонавӣ, таваққуфгоҳҳои аз 1 то 4-сатҳа барои нигоҳдории нақлиёт, мактабу боғчаҳои бачагона, меҳмонхонаву биноҳои баландошёнаи истиқоматии мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ шурӯъ мегарданд.
Варзоб: 51 иншоот мавриди
истифода қарор дода мешавад
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз ҳисоби марказҳои хайриявӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо 2364 ҷойи нишаст дар як баст 12 муассисаи таълимии замонавӣ ва 15 истироҳатгоҳи оммавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Варзоб Муҳамадулло Шерализода иттилоъ дод.
Инчунин то ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатӣ ду меҳмонхона, ду истироҳатгоҳи оммавӣ, бинои Қасри фарҳанг бо 350 ҷойи нишаст ва 30 утоқи корӣ, бинои беморхонаи марказӣ ва як муассисаи таълимӣ бо 200 ҷойи нишаст ба истифода дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаю чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ бунёди 51 иншооти муҳими ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ дар назар дошта шудааст.
Истиқлол: ду кӯдакистон ба истифода дода мешавад
Дар шашмоҳаи дуюми соли равон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ду кӯдакистон ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар доираи иҷрои Барномаи ташаккули муассисаҳои томактабӣ дар кӯдакистони №8-и шаҳр, ки барои фарогирии 300 нафар кӯдакон пешбинӣ гардидааст, корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён дошта, дар назар аст он аввали моҳи сентябр ба фаъолият шурӯъ намояд. Ҳамзамон аз ҷониби Ширкати саноати кӯҳии «Тоҷикистону Хитой» низ як адад кӯдакистони нав барои 360 нафар тарбиятгиранда то охири соли равон ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода дар нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ дод.
Таъкид шуд, ки соли равон дар маҳаллаи Меҳнатобод сохтмони мактаби шакли нав бо фарогирии 350 хонанда ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ барои соли хониши 2018-2019 гуфта шуд, ки аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр ва 6 муассисаи таълимӣ бо КВД «Нури Ховар» барои омода намудани 1500 адад либоси мактабӣ шартнома ба имзо расонида шудааст.
Ба иттилои раиси шаҳр, моҳи сентябри соли 2018 ба таъсиси шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) 80 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳ бо соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки дар самти ободонӣ, таъмиру навсозӣ бештар саъю кӯшиш намуда, чанд иншооти иҷтимоӣ, чун сохтмони майдончаҳои варзишӣ, навсозии боғи фарҳангию истироҳатӣ ва варзишгоҳи марказии шаҳрро ба роҳ монанд.
Инчунин, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бунёду навсозии беш аз 15 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.
Айнӣ: Сохтмони Маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ оғоз ёфт
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ — фароғатӣ бунёд карда мешавад.
Маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону наврасон, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва боғи истироҳатӣ иборат буда, зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ба бунёди он санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ дар шаҳру навоҳии вилоят бунёди беш аз 3 ҳазор иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бунёди маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи чунин иншоот маҳсуб мешавад.
Хуҷанд: беш аз 300 иншоот ба истифода дода мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ баҳри таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза мегиранд.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд бахшида ба ин санаи муҳим тибқи қарори раиси вилоят 1300 рӯзи ободонию созандагӣ эълон гардидааст. Ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду навсозии беш аз 3000 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ ба назар гирифта шудааст. Дар ин раванд бинои 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, навсозӣ мешаванд.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ авҷ гирифта, тасмим гирифта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 иншоот ба истифода дода шаванд.
Навсозии кӯдакистони №3, ки чанд сол боз дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, дар маҳаллаи Сари Баландии шаҳр навсозии се бинои замонавӣ бо шароити мусоид барои 320 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик», воқеъ дар маҳаллаи Раззоқ, ки бо насби трансформаторҳои пуриқтидор талафоти неруи барқро аз 23 то 9 фисад кам менамояд, бояд моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шавад.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ навсозии Қалъаи Хуҷанд, бунёди Боғи фарҳангии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, хонаи маданият ва китобхона дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳр, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти дигари маишию иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.
Таҳияи
Н.ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр