21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Темурмалик ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара нахуст Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Иншооти калони таълимӣ дар доираи тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 2,8 гектар бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгў ба талаботи замон бунёд гардидааст.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара барои қабули 760 нафар донишҷў пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои “Коллеҷи таълимии оташнишонӣ – техникӣ” дар ноҳияи Данғара аз 6 ошёна, 39 синфхонаи барҳавои техникӣ ва электронӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти муосири дарсӣ, китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёди адабиёти илмӣ-бадеӣ ва китобҳои тозанашри соҳавӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, 25 ҳуҷраи корӣ, хобгоҳ барои омўзгорону курсантон, толори варзишӣ, маҷлисгоҳи васеъ барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ, таваққуфгоҳ, мавзеи кушод барои гузаронидани машқгоҳи тактикӣ, бозиҳои футболи хурд, баскетбол, волейбол ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.
“Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аввалин таълимгоҳи махсуси давлатӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сухтор ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи энергетика дар иншооти хоҷагии халқ ва неругоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
То ин вақт мутахассисон дар ин соҳа бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта мешуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи навбунёд ва суҳбати самимӣ бо омўзгорону курсантон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи шароиту имкониятҳои мусоиди таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр