Нашрияи Омӯзгор

Марҳилаи нави таърихи тоҷикон

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Истиқлол  ҳамчун  рукни  озодии  инсон ва   ҷавҳари  асосии  зиндагӣ  дар  тамоми  давру  замонҳо  ҷузъи  таркибии  ҳастӣ  ва ҳувияти  миллати  тоҷик  будааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлати худро эълон кард. Истиқлоли  халқи  тоҷик  натиҷаи  муборизаи  ҳазорсолаҳо  буда,  неъмати  бебаҳои  таърих, марҳилаи  сифатан нав   мебошад.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, умумиҷамъиятӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд. 

Барои гирифтани пеши ин фоҷиа қадами нахустини бузург ва таърихӣ дар иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии ҶТ дар шаҳри бостонии Хуҷанд (16.Х1. – 2.Х11. 1992) гузошта шуд, ки дар асл оғози наҷоти истиқлоли Ватан буд. Хатари ба қисмҳо  ҷудо шуда, аз байн рафтани  давлати тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик ва дар айни замон волоияти истиқлоли Ватан аз ҷониби мардуми кишвар, мухолифини собиқ ва аксари неруҳои сиёсӣ дарк гардид ва роҳ ба сўи ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати умумимиллӣ боз шуд. Дар ҳамин иҷлосия ҳокимияти қонунӣ барқарор ва Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Минбаъд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ (референдум) 6 ноябри соли 1994 ба вазифаи Президенти мамлакат интихоб карданд. Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол қабул карда шуд.  Интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон  ба маснади президентӣ дар тақдири халқи тоҷик фоли нек гардид.

Мо, тоҷикон, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Россия дувумин шуда Конститутсияи мамлакати истиқлолро қабул кардем (1994) ва се маротиба дар асоси талаботи давраи истиқлолият ва байналхалқӣ ба он тағйироту иловаҳо даровардем (1999, 2003, 2016), фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон (1994, 1999, 2006, 2013, 2020) интихоб кардем. Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди Миллиро қабул ва парламенти нав (касбӣ)-ро интихоб намудем, тартиб ва фаъолияти онро такмил додем, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро ба роҳ монда, Артиши миллӣ, Қўшунҳои сарҳадӣ, Шўрои ҷамъиятӣ (1996)  - ро ташкил кардем, шартномаи умумимиллии сулҳ имзо шуд (27 июни соли 1997), ба  шоҳроҳи бунёдкории созандагӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию мадании мамлакат баромада, вазифаҳои таърихи истиқлолиятро, ки неъмати бебаҳои таърих аст, ба ҳаёт тадбиқ карда истодаем.

Аввалин бор дар таърихи халқи тоҷик дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ин ҳуқуқи худро бевосита ва ё тавассути вакилонаш амалӣ мегардонад. Ва боз ҳам бо майлу  иродаи халқ аввалин маротиба  дар таърихи марҳилаи навини кишварамон, дар давраи истиқлолӣ парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата мебошад, таъсис дода шуд.

Дар давраи истиқлоли давлатӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Барои ҷалб кардани  наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурўғи маърифат» гузаронида мешавад. Яке аз муваффақиятҳои бузургтарин марҳилаи давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташаккули фазои нави иҷтимоию сиёсӣ, ғоявию фарҳангӣ, идеологӣ ва афкору андешаи озод, тафаккури навинест, ки шаҳрвандони кишварро дар атрофи ғояҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ, урфу одат, анъана, дину оин ва суннатҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ муттаҳид намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  самти шоҳроҳи сохтмони давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бомуваффақият пеш меравад. Тамоми тоҷикони ҷаҳон ба кишвари мо бо меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтиром, умеду орзуҳои бардавом муносибат менамоянд.

 

Сафар ЭРКАЕВ,

иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии ҶТ, дотсенти

кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи

академик Б.Ғафуров,

номзади  илмҳои таърих,

Рустам РАҲИМЗОДА,

сардори кафедраи  фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи

факултаи  4-уми Академияи

ВКД,  полковник


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш