Нашрияи Омӯзгор

Аз 2 то 15 декабр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

2-15-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали баргузории озмун рўзҳои 2-5-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6 - 7-уми декабр донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7-уми декабр аспирантону докторантон, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10-уми декабр омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номинатсияҳои озмунӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамзамон, озмун барои довталабони номинатсияи назму наср рўзҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза рўзи 13-уми декабр доир мегардад.

Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-43 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сар то сари кишвар ҳамовозии махсус касб карда, теъдоди иштирокчиёни он низ пайваста меафзояд. Дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, 305495 нафар дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намуданд.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталаб иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш