23-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фадиа Саада-директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Озан Севимли-намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои судманд ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 20 сол аст, ки бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориро ба роҳ монда, ҷиҳати рушди соҳаи маориф як қатор корҳои судмандро анҷом додааст, ки лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, Низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», аз курсҳои омўзишӣ ва бозомўзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор нафар омўзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ, таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз зумраи онҳост.
- Бо вуҷуди корҳои анҷомдодаистода ҳанўз ҳам чанд мушкиле ҷой дорад, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат намуд ва яке аз ин мушкилот бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ мебошад, - зикр кард вазир. – Тавре маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд. Инчунин, муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанўз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрўз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёд мавҷуданд, ки ниёз ба мактабҳои нав доранд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти номбаршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида истодааст ва ба бахши хусусӣ низ тамоми имтиёзҳо дода шуда, ҳамкорию дастгирии шарикони рушд низ назаррас аст.
Озан Севимли-намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зикр кард, ки дар низоми кории Бонки ҷаҳонӣ инсон сармояи асосӣ ба ҳисоб меравад ва маорифро яке аз сутунҳои асосии ин сармоя меҳисобанд. Ҳамзамон, таъкид намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди соҳаи маориф тамоми шароитро муҳайё месозад ва боиси хушнудист, ки ин гуна талош аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад.
Фадиа Саада-директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ қайд кард, ки дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва як муассисаи таҳсилоти умумӣ дидан намудааст.
- Боиси ифтихор аст, ки айни ҳол дар Тоҷикистон қарор дорам ва баъд аз пандемияи Ковид-19 сафар намудан ба кишвари дигар на ба ҳар кас муяссар мегардад,- таъкид кард Ф.Саада. – Пеш аз пандемияи Ковид-19 мо як нақшаи бузурге дар самти рушди зеҳнӣ ва маориф барои Тоҷикистон доштем, аммо бо сабаби пандемия, ки ин нақша чанд муддат амалӣ нагардид. Имрўз моро зарур аст, ки суръати корро тезонем ва нақшаҳои амалинашударо дар муҳлати кутоҳ ба анҷом расонем. Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки барои татбиқи як лоиҳаи нав маблағ ҷудо намояд ва ин лоиҳа ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ афзалият медиҳад. Аз ин рў, ҳадаф аз сафари мо ва вохўрии имрўза ҳам ин аст, ки мехоҳем Вазорати маориф ва илм таклифу пешниҳодоти худро ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа манзур намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи навтаҳияшаванда лоиҳаи фарогир буда, ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ бо назардошти тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои таълимию лабораторӣ, таъминот бо обу санитария ва амсоли инҳо нигаронида шудааст. Ҳамзамон, лоиҳаи мазкур дар доираи Стратегияи миллии рушди маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шуда, ҷиҳати рушди соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузоришаванда гурўҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр