Нашрияи Омӯзгор

Ба имзо расидани созишномаҳои нав

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 65        Шарҳ: 0

 

30-юми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, муовини Сарвазири Федератсияи Россия Оверчук Алексей Логвинович, муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович, намояндагони Ҳукумати Федаратсияи Россия, Шўрои федератсия, Вазорати маорифи Федератсияи Россия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, доир гардид.

Зимни имзои созишномаҳо М. Имомзода-вазири маориф ва илм зикр кард, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федаратсияи Россия, муҳтарам Владимир Путин созишномаҳои зиёде ба имзо расидааст, ки муносибатҳои стратегии ҳарду кишварро таҳким мебахшанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки соли панҷум аст Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Россия лоиҳаи «Омўзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ намуда истодааст. Имрўз дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 нафар омўзгор аз фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, физика, биология ва дигар фанҳо бо забони русӣ ба хонандагон таълим медиҳанд.

Бояд зикр, ки тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори тарафи Тоҷикистон ҳамасола пешниҳодҳои худро вобаста ба талаботи касбӣ, ки ба кормандони педагогии рус алоқамандӣ доранд, ба мақомоти ваколатдори тарафи Россия пешниҳод менамояд ва мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини талаботи пешниҳодшуда мусоидат менамояд.

Дар созишномаи мазкур гуфта шудааст, ки кормандони педагогии рус дар давраи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳоро риоя намоянд, ба урф ва анъанаҳои миллӣ эҳтиром гузошта, фаъолияти таълимиро дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ дар асоси стандартҳои давлатии федеролии таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаҳои намунавии таълимии асосии қабулшудаи Федератсияи Россия, нақшаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, бо ба инобат гирифтани стандартҳои таълимӣ, қоидаҳои маъмурӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

Дар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, гуфта шудааст, ки фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо дар асоси қонунгузории Федератсияи Россия аз рўйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, таълим дар мактабҳо бо забони русӣ бо омўзиши ҳатмии забони тоҷикӣ ба амал бароварда мешавад.

Созишномаҳоро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович имзо намуданд.

Э. Сафарзода,

сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш