29-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм вохўрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷон Марк Поммершайм - сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он тарафҳо вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Вазири маориф ва илм М.Имомзода зикр кард, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дар соҳаи маориф ва илм маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кўлоб, Хоруғ, Бохтар, Ғарм ва Панҷакент фаъолият намуда, ба хоҳишмандон ҳамарўза маҳфилҳои гуногуни забономўзӣ, истифодабарии технология, истифодабарии интернети баландсуръат бо мақсади омўзиши забонҳои хориҷиро ба таври ройгон пешкаш менамояд.
Яке аз ташкилотҳои бонуфузи ИМА, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамояд, USAID (ЮСАИД) – ташкилот оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, ки то имрўз якчанд лоиҳаро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи «Хониши босифат» барномаи панҷсола буда, ҳадафи он беҳтар намудани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои 1 то 4 дар мактабҳои миёна мебошад. Ҳамкориҳои вазорати маориф ва илм бо ЮСАИД дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, моҳи июли соли 2017 ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» Ёддошти тафоҳум миёни вазорат ва ЮСАИД ба имзо расидааст.
Ҷон Марк Поммершайм аз ҳамкориҳои ҷойдошта дар самти маориф ва илм зикр кард, ки Сафорати ИМА омодааст, минбаъд низ ҳамкориҳоро дар самти таъсиси марказҳои нави омўзиши забони англисӣ, даъвати омўзгорон аз ИМА барои дарс гуфтан дар марказҳои забономўзӣ, мусоидат дар нашри китобҳои дарсӣ, ҷоннок намудани фаъолияти барномаҳои таълимии FLEX ва ACCELS вусъат бахшад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр