Нашрияи Омӯзгор

Қуллаи баланди «Ба қуллаҳои дониш»

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Дар толори асосии бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   бо иштироки омўзгорону донишҷўён ва меҳмонон ба муносибати Рўзи Парчами миллӣ ва 65 – умин солгарди таъсиси нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш»  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  таҳти унвони «Инъикоси рамзҳои давлатӣ дар саҳифаҳои матбуоти донишгоҳӣ»  ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни шодбошии иштирокчиён перомуни фаъолияти нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» ҳарф зада, онро «Оинаи донишгоҳ» номид. Номбурда афзуд, ки нашрия манбаи хуби иттилоърасонӣ ба кулли устодону кормандон ва алоқамандони донишгоҳ мебошад. Аксари рўзноманигорони касбӣ, адибони адабиёти муосири тоҷик, ки имрўз бо асарҳои хеш шуҳрат пайдо кардаанд, фаъолияти эҷодии худро аз ҳамин нашрия оғоз карда, аз мактаби бузурги он сабақ гирифтаанд.

Чунонки ректор иттилоъ дод, бо назардошти фаъол шудани шабакаҳои  иҷтимоӣ фаъолияти  нашрия фарохтар гардида, идораи он ба Маркази иттилоотӣ – таҳлилии донишгоҳ табдил дода шудааст. Акнун матолиб ҳам дар саҳифаҳои нашрия ва ҳам дар сомонаи донишгоҳ ба табъ мерасад. Мақсад аз бознигарии фаъолияти нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ҷалби бештари хонандагон ба эҷод ва дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагону истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ мебошад.

 Директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ, номзади илми филология, дотсент Кароматулло Исмонов оид ба мавзуи «Нақши ВАО дар тарбияи ҷавонон дар мисоли  «Ба қуллаҳои дониш» андешаронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон М. Неъматзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  Зулфиқор Гулмаҳмадзода ба як гурўҳ устодону шогирдон ва кормандону муаллифони  фаъоли нашрия  ифтихорномаву сипоснома ва мукофотҳои хотиравӣ тақдим намуданд.                        

 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш