Нашрияи Омӯзгор

Густариши робитаҳо бо Донишгоҳи давлатии Вятск

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷўразода намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятскии Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.

Ин иқдом дар доираи ташкили семинари омўзишӣ барои омўзгорони факултети филологияи рус аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски Федератсияи Россия – номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Трушков Михаил Алексеевич ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Динер Елена Василевна амалӣ гардид.

Зимни мулоқот профессор Ҷамшед Ҷўразода бо масъулини Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Кирови Федератсияи Русия ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд таваҷҷуҳ намуд.

Ҳамзамон, роҳбарияти донишгоҳ аз ташаббуси Донишгоҳи давлатии Вятск ҷиҳати ташкили курси такмили ихтисос барои омўзгорони факултети филологияи рус истиқбол намуда, густариши чунин робитаҳои наҷибро ҷонибдорӣ намуд.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Киров ба ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои мусоидат ва ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба таъмини таҳкими равобит пешниҳодоти муфидро манзур доштанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи чунин ҳамкориҳо аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Киров ба қариби дар факултети филологияи рус бо иштироки 35 нафар омўзгор  ва  зиёда аз 55 нафар корманди раёсати донишгоҳ семинари омўзишии такмили ихтисоси “Забони русӣ ва касб” гузаронида шуд.

Маркази иттилоот

ва таҳлили

ДДХ ба номи Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш