Нашрияи Омӯзгор

Дастоварди навбатии хонандагон

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

21 - 29 июли соли равон дар шаҳри Лиссабони Португалия 49-умин олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика (49th IPhO 2018) баргузор гардид. Дар он зиёда аз 400 нафар довталаб аз 90 давлати дунё иштирок карданд.   Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст Сабина Абдураҳмонова -хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Далер Пиров -хонандаи синфи 9-и литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва Фараҳманд Ҳасанов- хонандаи синфи 10-и литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин, аз 19 то 29 июли соли 2018 дар Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Чехия  50-умин олимпиадаи ҷаҳонӣ (50th IChO 2018) аз фанни химия баргузор шуд, ки дар он  280 нафар довталаб аз 70 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиада Иномҷон Маҷидов - хонандаи синфи 11 – и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва Аҳрор Исмоилӣ- хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Спитамен сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Дар маҷмӯъ, хонандагони тоҷик ин навбат ба кишвар 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ)  оварданд.  Бояд гуфт, ки чунин пирӯзӣ миёни довталабони беш аз 90 кишвар далели равшани вусъати ҳаракати олимпӣ, зиёд шудани таваҷҷуҳи хонандагон ба илмомӯзӣ ва натиҷаи робитаи устувори мактаб ва оила мебошад.

Манучеҳр Ҳабибзода,

корманди Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва

 рушди истеъдодҳо


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш