Нашрияи Омӯзгор

Баррасии муаммоҳои иҷтимоӣ - демографӣ

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи рушди робитаҳои байналмилалӣ ва тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омўзгорони донишкада мизи мудаввари илмӣ дар мавзуи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Дар оғоз директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан суханронӣ кард.

Меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия, аз ҷумла, узви пайвастаи АИР, директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, мудири кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия Рязантсев Сергей Василевич дар мавзуи “Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхўрии ИҶШС” маърўза кард.

Сипас, маърўзаи муовини директор оид ба лоиҳакашии инноватсионии Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, дотсенти кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия Лукянес Артём Сергеевич дар мавзуи «Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир» шунида шуд.

Корманди пешбари Маркази илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Азимов Абдумавлон дар мавзуи «Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърўза намуда, оид ба мушкилоти муҳоҷирати таълимӣ ибрози андеша кард.

Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, Рязантсев Сергей Василевич дипломи “Профессори фахрӣ”-и донишкада супорида шуд.

Дар фарҷом байни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотии демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия созишномаи ҳамкории тарафайн дар бобати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ ба имзо расид.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш