Нашрияи Омӯзгор

Пирўзии Маҳбуба Пўлодова дар озмуни минтақавӣ

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф озмуни минтақавии «Мураббияи соли Тоҷикистон -2021» баргузор гардид, ки дар он аз 14 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 9 довталаб ширкат варзид. Озмунро бо сухани муқаддимавӣ ректори ДҶТИБКСМ Х.Қурбонзода ифтитоҳ намуд. Раиси ҳайати ҳакамон Маҳина Бобоева изҳор дошт, ки дар озмун маҳорату малакаи мураббияҳо муаррифӣ гардида, ин омил барои ба даст овардани таҷрибаву методҳои пешрафта нақши калон хоҳад бозид.

ҳамин тавр, довталабон ба иҷрои шарти аввали озмун - муаррифии фаъолияти эҷодии худ пардохтанд. Довталаб Умеда Абдуманонзода, мураббияи кўдакистони №14-и шаҳри  Ваҳдат зикр намуд, ки машғулиятҳои худро дар гурўҳи калон (5-6-солаҳо) ба роҳ монда, бо истифода аз технологияи замони муосир ва воситаҳои аёнии дастисохт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мавсуф намунаи машғулиятҳояшро тариқи навор аз тасаввуроти одии математикӣ, инкишофи нутқ, адабиёти бадеӣ, табиатшиносӣ ва ғайра нишон дода, қайд кард, ки ҳангоми баргузории машғулиятҳо аз китобчаҳои шавқовар истифода намуда, ба ташаккулу такомули захираи луғавии кўдакон, тарзи талаффузи овозҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, кўшиш  намуд, ки тарбиятгирандагон фикри худро бо ҷумлаҳои сода баён созанд. Умеда васоити аёнии дастисохти худро ба намоиш гузошта, хотирнишон намуд, ки дар семинару конфронсҳои шаҳрию минтақавӣ маърўзаҳо анҷом дода, таҷрибаю методии худро ба дигар мураббияҳо пешниҳод мекунад. Чанд навиштаи методияш дар нашрияи «Шаҳриёр»-и шаҳри  Ваҳдат ба табъ расидаанд.

Иштирокдори дигари  озмун Гулшан Сайфиддинова аз шаҳри Ҳисор иброз намуд, ки собиқаи 12- сола дошта, дар кўдакистони «Ситора» фаъолияти худро оғоз намуд. Ҳоло  дар муассисаи томактабии №4-и кор мекунад. Довталаб бо истифода аз наворҳо машғулиятҳои  худро муаррифӣ намуд, ки пурмуҳтавою ҷолиб, шавқовар  ва аз лиҳози методӣ дар сатҳи баланд буд. Аз ҷумла, ҳангоми пешниҳоди намунаи дарс аз тасаввуроти одии  математикӣ дар хусуси фарқи байни  ҷисмҳои геометрӣ – секунҷа, чоркунҷа ва ғайра ба кўдакон маълумоти муфассал дод. Дар бораи машғулияти адабиёти бадеӣ изҳор дошт, ки усули хондану нақли ҳикояву афсонаҳои шавқовар тарбиятгирандагонро дар рўҳияи худшиносӣ ва эҳсоси волои ватандўстӣ тарбия  мекунад. Мураббия таъкид кард, ки кўдаконро пайваста ба саёҳат ва тамошои мавзеъҳои таърихӣ сафарбар мекунад. Дар машғулиятҳо аз бозичаҳои гуногун, маводи дастисохт ва дастурҳои методӣ истифода намуда, ба тарбияи зебоипарастии тарбиятгирандагон; дўхтани либос, қуроқдўзӣ, гулмонӣ ва амсоли инҳо диққати  ҷиддӣ  медиҳад. Муаррифии фаъолияту таҷрибаи дигар довталабон низ ҷавобгў ба талаботи стандарту барномаҳои таълимӣ буда, дар ин бобат, мураббияи кўдакистони №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пўлодова, ки ҳоло ҷавон буда, соли сеюм аст, ки фаъолият мекунад, бо истифода аз дастгоҳи техникӣ машғулиятҳояшро ба таври намунавӣ муаррифӣ намуд. Иштирокдорон аз ноҳияи Рўдакӣ ва Шаҳринав низ лаёқату маҳорати педагогии хуб нишон доданд.  Довталабон ба иҷрои шарти дуюми озмун – дониш ва маҳорати касбии мураббӣ (асноди меъёрӣ – ҳуқуқии соҳаи маориф) шуруъ карданд. Ба мураббияҳо саволҳо перомуни мавзуъҳои «Моҳият ва ғояи хештаншиносӣ дар муассисаҳои томактабӣ», «Зарурати ҳамкорӣ бо оила дар кўдакистон», «Дар кадом ҳолатҳо ҷойи  холимондаи тарбиятгиранда дар муассисаи томактабӣ нигоҳ дошта мешавад?», «Вазифаҳои машғулияти инкишофи нутқ. Сайругашти мақсаднок чист?», «Ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модари тарбиятгиранда дар қонунҳои ҷумҳурӣ» ва ғайра пешниҳод гардид. Боиси хурсандист, ки ҳамаи довталабон бо донишҳои назариявӣ ва маълумоти аз худ кардаашон ба саволҳои додашуда посухҳои саҳеҳу дақиқ ва пурра гардонданд. Хусусан, ҷавобҳои мураббияҳо аз шаҳру Ҳисор Г. Сайфиддинова, ноҳияи Шаҳринав Муаззама Олимова, ноҳияи Рўдакӣ Моҳинав Қурбонова, шаҳрҳои Ваҳдат Умеда Абдуманонзода, Турсунзода Маҳбуба Пўлодова, ноҳияи Рашт Мавҷигул Сайфиддинова қонеъкунанда буданд. Шарти чоруми озмун ташкили мизи мудаввар аз ҷониби довталабон ба шумор мерафт. Дар ин шарти озмун довталабон Г.Сайфиддинова аз шаҳри Турсунзода дар мавзуъи «Шаклҳои кор оид ба тарбияи ҷисмонӣ», Маҳбуба Пўлодова аз шаҳри Турсунзода дар мавриди «Бозиҳои серҳаракат ва аҳамияти он», Моҳинав Қурбонова аз ноҳияи Рўдакӣ атрофи масъалаи «Усулҳои ташкили идҳои миллӣ дар кўдакистон» ва Абдуманонзода аз шаҳри Ваҳдат дар бораи «Конвенсияи ҳуқуқи кўдак ва моҳияти он» мизҳои мудавварро дар сатҳи баланд ташкил карда, мавзуъҳои мазкурро босаводона ва хеле хуб шарҳу тавзеҳ бахшиданд. Мутаассифона, на ҳама мураббияҳо дар иҷрои ин шарт маҳорату дониши қонеъкунанда нишон доданд. Маълум, ки тайёрию омодагии онҳо  дар ташкили мизи мудаввр суст ва ҳаматарафа набуд. Узви ҳайати ҳакамон, сармутахассиси раёсати таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Амина Каримова дар хусуси иҷрои шарти баргузории машғулиятҳои таълимӣ қайд кард, ки довталаб Тоспочо Давлатова аз ноҳияи Тоҷикобод дар гурўҳи хурди синнусолӣ аз расмкашӣ машғулият гузаронд. Мураббия Муаззама  Олимова аз ноҳияи Шаҳринав дар гурўҳи миёна (4-5-сола) аз тарбияи ҷисмонӣ машғулият гузаронд. Довталаб либоси варзишӣ ба бар карда, қисматҳои дарс – машқҳои умумии инкишофдиҳандаи узвҳои бадан ва  бозиҳои серҳаракатро дар заминаи методикаи таълимӣ хеле хуб баргузор намуд. Иҷрои намудҳои машқҳои варзиширо ба кўдакон шарҳу тавзеҳ дод ва  муносибати мураббия ба тарбиятгирандагон ниҳоят самимӣ ва табиӣ ба мушоҳида мерасид. Довталаб Гулшан Сайфиддинова аз шаҳри Ҳисор машғулияти худро дар гурўҳи миёна аз шиносоӣ бо муҳити  атроф дар мавзуи «Тирамоҳи заррин» гузаронд. Мураббия дарси худро тибқи методи анъанавӣ ба роҳ монда бошад ҳам, он пурмуҳтаво, ҷолиб ва намунавӣ буд. Гулшан моҳияти фасли тирамоҳро батафсил шарҳ дода, на танҳо дар бораи манзараҳои табиат дар ин фасл, балки ҷашну идҳои баргузоршуда маълумот дод. Аз ҷумла, дар хусуси ҷашни Меҳргон, Рўзи Конститутсия, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо. Нутқи мураббия фасеҳу бурро буда, кўдакон дар васфи тирамоҳ ва иду ҷашнҳои  ин айём шеъру сурудҳои пурмуҳтаворо қироат карданд. Дар машғулияти гузаронидаи довталаб Моҳинав Қурбонова аз ноҳияи Рўдакӣ, дар гурўҳи миёна аз инкишофи нутқ, дар мавзуи «Фарқ кардани рангҳо» (бо истифода аз гулҳои табиӣ) лаёқату маҳорати хуби педагогӣ нишон дода, барои намуна гулҳои бобуна ва хушпариро интихоб намуд. Моҳинав зимни тафсири мавзуъ ба такомули таркиби луғавии забон диққат  дода, перомуни вожаҳои «тана», «муғча», «шох» ва ғайра маълумот ироа намуд. Дар қисмати мустаҳкамкунии мавзуъ тарбиятгирандагон фаъолияти хуб нишон дода, ҷавобҳои ҳамдигарро таҳлил ва арзёбӣ намуданд. Ба таъкиди  Амина Каримова, шояд беҳтарин машғулият дар байни машғулияти  гузарондаи дигар мураббияҳо ба довталаб аз шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пўлодова тааллуқ дошт. Мураббия М.Пўлодова дар гурўҳи калон аз тасаввуроти одии математикӣ машғулияти комплексӣ гузаронд. Бояд гуфт, ки дар иҷрои машғулияти зикршуда довталаб қобилияту маҳорати баланди эҷодкорӣ  нишон дод. Тамоми қисматҳои дарс дар шакли бозӣ сурат гирифт. Ба сабаби комплексӣ будани машғулият, довталаб дар хусуси тасаввуроти фазоӣ маълумот дод. Саволгузориҳои номбурда мантиқан устувор буда, ҷо ба ҷо гузоштани шаклҳои геометриро тарбиятгирандагон дар асоси супориши мураббия хеле хуб иҷро  карданд. Маҳбуба бозии дидактикии «Рўзҳои ҳафта»-ро низ  дар сатҳи баланд гузаронд. Аммо дар ин радиф, иддае аз довталабон  дарсҳояшонро хеле суст баргузор намуданд. Сабаб он буд, ки онҳо талаботи барномаи таълимро ҳаматарафа намедонанд, дар масъалаи методикаи ташкилу баргузории машғулиятҳо маълумоти кофии педагогӣ надоранд. Дар иҷрои шартҳои вазъиятҳои педагогӣ, психологӣ ва тартиб додани манзараҳо ва сохтани маводи гуногун тақрибан ҳамаи довталабон фаъолияти хубу назаррас нишон доданд.

Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст гардид ва тибқи баҳогузории ҳакамон ҷойи аввалро довталаб аз кўдакистони №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пўлодова  бо дарёфти 197 хол соҳиб гардида, ғолиб дониста шуд. Ҷойи дуюм ба мураббияҳо аз шаҳрҳои Ҳисор  Гулшан Сайфиддинова ва Ваҳдат Умеда Абдуманонзода бо соҳиб шудан  ба 194-холӣ  ва ҷойи сеюм ба довталаб Муаззама Олимова, аз ноҳияи Шаҳринав бо 179 хол лоиқ дониста шуд. Ба ғолибон мукофотҳои таъсисдодаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва  Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, онҳо бо ифтихорномаҳои ДҶТИБКСМ қадрдонӣ шуданд. Бад – ин тариқ, мураббияи кўдакистони №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пўлодова ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббияи сол» роҳхат гирифт.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш