Нашрияи Омӯзгор

Сулҳ – неъмати бебаҳо

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Дар шароити имрўза, ки ҷаҳонро таҳдидҳои ҳаракатҳои гуногуни террористиву экстремистӣ фаро гирифтааст ва ин неруҳои каҷрав бо роҳи иғвою дасиса ва даҳшатафканӣ ҳазорон нафари бегуноҳро ба қатл мерасонанд, воқеан, боиси нигаронию ташвиши одамон мебошад. Терроризми байналмилалӣ моро ҳушдор медиҳад, ки бештар ба қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлоли миллӣ бирасем. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳост ва бояд баҳри таҳкими он мунтазам талош намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.21) таъкид карданд, ки «вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кўшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Дарвоқеъ, имконоти тех-никӣ воситаҳои зиёдеро барои гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ба вуҷуд овардааст ва онҳо кўшиш мекунанд, бештар бо роҳҳои мухобиротӣ наврасону ҷавононро ба сафи худ ҷалб кунанд. Ин омил устодону омўзгоронро водор мекунад, ки дар дарсҳошон мунтазам расидан ба қадри сулҳу ваҳдатро талқин намоянд ва ҳаводиси фоҷеабори мамлакатҳои Шарқи Наздик, алалхусус, Афғонистонро ба хонандагон тавзеҳ бахшанд, то ҷавонони огоҳманду ватандўстро ба камол расонем. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои тарбиявӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид ва вазъи мураккаби ҷомеаи имрўза дар ин машғулиятҳо таҳлил карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар ин замина лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025» пешниҳод гардидааст ва Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Аз ин рў, дар ин самт аҳли зиёи кишварро зарур аст, ки баҳри ҳифзи амнияти иттилоотӣ аз роҳу воситаҳои гуногуну муассир истифода намоянд, ки дар муборизаи иттилоотӣ тавонем кишварамонро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб эмин нигоҳ бидорем.

Умеда МИРҲОДИЕВА,

омўзгори географияи

литсейи №1-и шаҳри Бўстон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш