Шукри обат,
Шукри хокат,
Шукри субҳи атрнокат,
Тоҷикистони азизам,
Модари ҷони азизам!
Аҷаб зебову дилороӣ, Ватанам – Тоҷикистони маҳбуби ман! Табиати пурафсунат, мардуми ширинзабонат, таърихи ҳазорсолаи ту ва комёбиҳои рўзафзунат ҷаҳониёнро тасхир кардааст. Мо аз осори пурарзиши бузургони ту - Рўдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Хайём… ифтихор дорем ва аз ашъори пурғановати онҳо олами маънавии худро вусъат мебахшем.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо дар солҳои истиқлол ба рушди беназир шарафёб гашт. Ба шарофати истиқлол дар Ватани мо корхонаҳо, муассисаҳо, беморхонаҳо, боғчаҳои кўдакона, боғҳои истироҳатӣ, театрҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва монанди инҳо бунёд карда шуданд ва некуаҳволии халқ таъмин гардид. Пойтахти кишвари мо Душанбе имрўз яке аз шаҳрҳои зеботарин ва пешрафтатарини дунё ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ батакрор таъкид менамоянд, ки пешравии ҷомеа марбут ба фаъолияти ҷавонон аст. Воқеан ҳам, онҳо давомдиҳандаи кори падарон ва ояндасози миллат мебошанд. Ҷавонон бояд мунтазам дар талаби имлу ҳунар бошанд ва зиракию хирадвариро пеша кунанд. Бузургонамон хуб гуфтаанд:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Тоҷикистон давлати демократӣ, соҳибистиқлол ва пешрафта аст ва сол то сол комёбиҳояш меафзоянд. Боғҳои зебою дилрабо, таърихи куҳан, забони ширину ғанӣ, мардуми меҳмоннавоз, роҳҳои асфалтпўш, бузургони суханвар, ободии ин диёри афсонавӣ ҳар фардро мафтун месозад.
Тоҷикистон, мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ бас аст.
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Тоҷикистон се ҳадафи стратегии худро бомуваффақият амалӣ намуда, акнун баҳри расидан ба ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат устуворона ҷидду ҷаҳд дорад. Шаҳрвандони мо ба кори осоишта машғуланд. Бонувон дар корхонаҳои давлативу шахсӣ бо сари баланд, озодона фаъолият менамоянд. Шукри истиқлоли Ватан ва шукри мардуми ҷасури кишвар, ки ба чунин рўзҳои нек расидем. Истиқлол ганҷи бебаҳост, сарбаландист. Ман ҳамчун омўзгор аз озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Ихтироъкорони беҳтарин», «Илм-фурўғи маърифат», «Тоҷикистон сарсабз бод», ки дар байни хонандагон ва шаҳрвандон баргузор карда мешаванд, хеле қаноатмандам, зеро онҳо ба бештар гаштани шавқи омўзиши шогирдони мо мусоидат мекунанд. Муҳаббат ба Ватан волотарин ҳисси ҳар шахс бояд бошад. Ватанро самимона дўст бояд дошт ва манфиатҳои онро ҳамеша ҳифз бояд кард. Бояд бо ифтихор ба забон овард:
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост!
Адолат Дўстматова,
омўзгори забон ва адабиёти тоҷики
муассисаи таҳсилдоти миёнаи умумии
№14-и шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр