Нашрияи Омӯзгор

Нишони мустақилият

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

14 октябри соли 1924 ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроияи он аз 23 феврали соли 1924 парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он навиштаҷоти «Пролетариатҳои ҳамаи давлатҳо, як шавед» акс ёфта буд.

16 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИЧШС шомил карда шуд. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли 1953 ба он ҳафт маротиба таҳрир ворид карда шуд ва аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 арзи вуҷуд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқ намуда буд.

Барои қабули парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пўшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омўзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмуни беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи ранга) пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрўзаи халқи тоҷик буд.

Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки дар тўли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИҚЛОЛИЯТ» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунадагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фарқият қарор медод.

Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурурдароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти милли умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд эҳё шуд.

 

Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,

дотсенти Донишгоҳи

давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва

сиёсати Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш