Нашрияи Омӯзгор

Рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардидМуовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён қайд кард, ки Парчами миллӣ ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари азизамон мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад. Сипас, сарходими илмии Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Ализода ва сардори раёсати иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Давлатов сухан карда, иброз доштанд, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд. Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки аз соли 1929 то соли 1992 ҳафт маротиба Парчами Тоҷикистон иваз шуда, ахиран, дар асоси Низомнома “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид.

Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш