Нашрияи Омӯзгор

Олимпиада ҷамъбаст гардид

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 108        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии олимпиадаҳои хонандагон аз фанҳои таълимӣ анҷом ёфт. Дар он аз 20 муассисаи таълимӣ ва 6 литсей ва гимназияҳои дар ҳудуди ноҳия буда, бо шумораи 2517 нафар хонанда иштирок намуданд.

Олимпиада аз фанҳои забони модарӣ ва адабиёт, забони русӣ дар синфҳои тоҷикӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забони давлатӣ тариқи нақли хаттӣ, луғат, тест, иншо, аз фанҳои математика, физика, химия, биология, таърих, ҳуқуқ, география тариқи кори хаттӣ, кори амалӣ ва тест, технологияи иттилоотӣ аз тариқи барномасозӣ гузаронда шуд.

Дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мактаби №8 бо 60 ҷойи ифтихорӣ сазовори мақоми аввал, мактаби №1 бо 29 ҷой сазовори мақоми дуюм ва мактаби №53 бо ба дастовардани 17 ҷой сазовори мақоми сеюм шуданд.

Ҳайати ҳакамони даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз натиҷаҳои ба даст овардаи шогирдони муассисаҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ баён карда, аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тақозо доштанд, ки дар солҳои минбаъда низ дар даври ноҳиявии олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, натиҷагирии боз ҳам беҳтарро ноил гарданд.

Тўрақул ҶУМЪАЕВ,

собиқадори соҳаи маориф

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш