Нашрияи Омӯзгор

Эҳтироми  забон  масъулиятшиносист

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

 

Ин ҷо мехоҳам дар бораи яке аз масъалаҳои доғи рўз – костагии забони иддае аз ҳамзамононамон  андешаамро баён намоям. Дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр бо  бархе  аз ҷавонон рў ба рў шудан мумкин аст, ки бо алфози қабеҳ бо ҳам муносибат мекунанд. Дар забони эшон суханҳои ношоям давр мезананд, ки ҳусни поки забонро мекоҳонанд. Агар ин як тарафи масъала бошад, тарафи дигари он ин аст, ки дар вақти суҳбат аз ду ё се забон истифода мебаранд. Агар саломашон ба забони тоҷикӣ бошад, пас идомаи суҳбаташон ё бо забони русӣ ё англисист. Вале на пурра ба забони англисӣ гап мезананду на ба забони русӣ, балки ҳардуи ин забонро бо забони тоҷикӣ омехта карда сухан мегўянд. Бо чунин  «усули гуфтор»  гўё забондонии худро нишон медиҳанд, вале бехабар аз он, ки бо ин гуна рафтори худ ба забони ноби тоҷикӣ танҳо зиён меоранду халос, балки ин амали онҳо як навъ таҳқири  забони модарист.

Албатта, забондонӣ нишонаи баланди фарҳанги шахс ва ҳунари басо муҳим   ба шумор меравад,  аммо истифодаи ин гавҳари ноёб набояд  ба он тавре сурат бигирад, ки намунаашро дар боло гуфтем. Донистан ва истифода бурдани забон аз кас маҳорати баланди саводнокиро талаб намуда, як навъ масъулият низ мебошад. Бояд таъкид намуд, ки забон арзишмандтарин ва қиматтарин мерос мебошад, ки аз гузаштагонамон ба мо  мерос  мондааст.  Моро мебояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем ва онро пок нигоҳ дорем.   

Ба андешаи инҷониб, заминаҳои азхуд кардани забони модарӣ дар шахс ҳанўз аз аллаи модар шуруъ гардида, минбаъд такмилу тақвият додани он ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиву мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вобастагии зич дорад. Хусусан, тарғибу ташвиқи падару модарон,  мураббияҳову омўзгорон сабаб мегардад, ки шогирдон забондон шуда, назокату салосати онро аз бар намоянд. Барои пайдо кардани малакаи саводомўзӣ ва дуруст хондану донистани қоидаҳои ҳама гуна  забон нақши омўзгор бояд басо муҳим бошад. Бачаҳоро ҳанўз аз қадамҳои аввалини ба мактаб гузоштанашон ба дуруст хондану навиштан бояд одат кунонд. Хатоҳои сарзадаро мебояд саривақт ва фаврӣ ислоҳ намуд, то бачаҳо донанд, ки ин ё он калимаву ибора ва ё ифода чӣ   гуна навишта ё талаффуз карда мешаванд.     

Чунин амал мо - омўзгорони синфҳои ибтидоиро водор менамояд, ки дар ин масъала саҳлангор набошем. Ба шогирдон дар навбати аввал бояд китобҳои хурдҳаҷми суратдорро барои мутолиа  тавсия дод,  тарзи мутолиаро омўзонда, манфиати омўзишро таъкид мебояд кард.  Минбаъд онҳо бо дастгирии волидайн метавонанд, ки китобҳои дилхоҳро интихоб  намуда,  ба мутолиа пардозанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳи аз ҳама хуби тарғиби китобу китобхонист. Бачаҳоро бояд ончунон ба хондани китоб ҷалб намуд, ки худашон бе  ягон ташвиқот барои иштирок кардан дар ин гуна озмунҳо майлу рағбат пайдо намоянд. Бешубҳа, чунин тадбирҳо ба  забондонии онҳо мусоидат хоҳад кард.      

 

САИДЗОД Сумани Садриддин,

омўзгори  синфҳои ибтидоии

мактаби рақами 108,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш