Нашрияи Омӯзгор

Китоб сарчашмаи комёбиҳост

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 110        Шарҳ: 0

 

Ташаккули инсон ва рушди маънавии ў бо омилҳои зиёде алоқаманд аст, вале муҳимтарин омил дар ин боб китоб мебошад. Китобро ҳамчун ганҷинаи хирад, сарчашмаи дониш ва манбаи маърифат тавсиф бахшидаанд. Ба шарофати китоб ҳар фард ба оламу одам, ба рухдодҳои зиндагӣ назари амиқу ибратбин меафканад, ҳикмат мебардорад.

Китоб дўсти беғаразу доно ва роҳнамою ҳидоятгари инсонҳо дар ҷодаҳои ростин аст. Аз ин рў, шогирдони мо ҳар қадар бештару пештар бо китоб унс бигиранд, аз аҳамияту моҳияти он огаҳӣ пайдо намоянд, ҳамон қадар пешраву муваффақ хоҳанд буд. Омўзгорро лозим аст, ки аз машғулиятҳои нахустин бо хонандагон ба онҳо дар бораи китоб ва нақши он дар саводомўзӣ ба таври ҷолибу муассир сухан гўяд. Ин мавзўъ бояд дар ҳар дарс мавқеъ дошта бошад. Нахуст ба хонандагон бояд дар бораи қоидаҳои муносибат бо китоб маълумот ироа кард. Таъкид кардан муҳим аст:

-китобро бояд тозаю озода нигоҳ дошт;

-китобро бо дасти тар ва ифлос набояд гирифт ва варақ зад;

-китобро, саҳифаҳои онро қат кардан мумкин нест;

-китобро набояд дар ҷои нам ва ифлос гузошт;

-ба саҳифаҳои китоб ва муқоваи он набояд хат кашид;

-даррондани варақҳои китоб, буридани суратҳои он амали зишт ва нашоям аст;

-рўкаш кардани китоб бо коғаз, ҷилдҳои махсус ва матоъ воситаи хуби ҳифзи он мебошад…

Ҳамчунин, ба хонандагон шарҳ додани тариқи дурусти дар даст ва дар рўи миз нигоҳ доштани китоб ва мутолиаи он, ташреҳи риояи қоидаҳои маъмули гигиенӣ аз ин хусус муҳим аст.

Тадбирҳои зерин дар тарғибу ташвиқи аҳамияти китоб ва китобхонӣ хеле муассир мебошанд:

-азёд кардани байту қитъаҳо дар ситоиши китоб;

-нақли ҳикояҳо дар бораи моҳияти китоб;

-нақли таърихи эҷоди китобҳои алоҳида;

-гуфтори бузургон дар бораи китобу китобхонӣ;

-мусоҳиба дар мавзуи «Китоби дўстдоштаи ман»;

-маълумот дар бораи муаллифони китобҳои машҳур…

Ташкили саҳначаҳои хурд вобаста ба тарғибу ташвиқи китоб манфиатбахшу ҳидоятгар ва маърифатафзост. Саҳначае аз ин хусус чунин муҳтаво дорад; хонандае ба мушкилие дучор омада, сахт рўҳафтодаю музтар мешавад. Роҳи ҳалли мушкилашро ҷуста, ноилоҷ мемонад. Ин дам хонандаи дигар дар нақши китоб ба назди ў ҳозир мешавад ва аз мушкилиаш огоҳ гашта, даъват менамояд, ки аз фалон саҳифаи ман калиди қуфли мушкилиатро меёбӣ, он сафҳаро бихон. Хонандаи дар банди мушкилӣ монда чунин мекунад ва ҳикмату раҳнамоӣ дармеёбаду мушкилаш осон мешавад. Ҳам китоб хурсандӣ мекунаду ҳам хонанда. Хонанда ваъда медиҳад, ки дигар ҳамеша бо китоб хоҳад буду онро мунтазам мутолиа хоҳад кард. Хонандаҳои дигар – аҳли синф низ, ки саҳначаи тарбиявиро тамошо мекарданд, чунин ваъда медиҳанд. Дар китбҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ аз тамоми фанҳо ҳикояҳои хурд -хурди сужадоре ҳастанд, ки дар заминаи онҳо метавон саҳначаҳои ҳикматомўз таҳия кард. Ин муҳаббату алоқамандии хурдтараконро  ба китоб боз ҳам меафзояд. Яке аз омилҳои дигари пурсамари таҳкими таваҷҷуҳу эҳтироми хонандагон ба китоб ҳамкории омўзгор бо оила мебошад, ки дар ин мавзуъ мутахассисони соҳа бисёр гуфтаанду навиштаанд. Ҳамеша дар мадди назар бояд дошт, ки ҳар қадар шогирдони мо китобхон бошанд, ҳамон қадар дар таҳсил, дар кулли амалҳои муфидашон муваффақ хоҳанд буд.

 

Сарвиноз Ҳамроева,

омўзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №20-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш