Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдатсарои миллатем

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

(Фишурдаи номаҳои омӯзгорон)

Ба таври ҳамешагӣ ҳамкорони мо аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар баробари иншои мақолаҳо дар мавзӯъҳои роҳу шеваҳои гуногуни таълим, бардошт аз таҷрибаи пешқадами худ, роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим ва амсоли ин, ҳамчунин, андешаю мулоҳизаҳои худро дар хусуси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф, рушди ҷумҳурӣ тайи солҳои охир ва нақши таърихии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати сартосарӣ дар Тоҷикистон иброз медоранд. Аз ҷумла, декани факултаи филологияи руси ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ О. Шарипова дар мақолаи худ-«Ваҳдат-таскинбахши қалбҳо» ба таври муфассал  перомуни соҳиб гардидани миллати тоҷик ба истиқлолияти давлатӣ ва хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан рондааст.

Донишҷӯ аз вилояти Суғд Ҷаҳонгир Маҳкамов бошад, дар бораи ташаббусу иқдомҳои ҷавонони вилоят дар самти тарғиби дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ба роҳ мондани чорабиниҳои шавқовар, таъсиси гурӯҳҳои ташаббускор, аз ҷумла, гурӯҳи ҷавонони Аванград (Пешоҳанг) нақл мекунад.

Омӯзгори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои ДДК ба номи А. Рӯдакӣ Шокир Ниёзов дар мақолаи худ - «Ваҳдат зеботарин ва бузургтарин баҳори зиндагии мо», корманди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф М. Ҷумъахонова - «Сулҳ ва ваҳдати миллиро бояд ҳифз намоем», омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 68, ноҳия Исмоили Сомонӣ Муҳтарама Раҳмонова - «Шукуфоии Ватан аз ваҳдат аст», докторанти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Гулрӯи Суҳроб – «Ваҳдати миллӣ-омили муҳими ташаккули худшиносии миллӣ» нақши мондагори ваҳдати милли-ин падидаи таърихиро дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари худ баҳогузорӣ намудаанд.

«Хештаншиносии ҷавонон аз он сарчашма мегирад, ки халқу Ватани худро дӯст доранд арзишҳои онро гиромӣ доранд. Аз ин хотир, минбаъд барои густариш додани дӯстию ваҳдат ва худшиносии миллӣ ҷаҳд бояд кунем, - омадааст дар навиштаи Муҳтарама Махсумова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Истаравшан. Мутаассифона, баъзе аз муаллифони мақолаю матолиб нишонии худро пурра наменависанд, ки ин вазъ барои кормандони нашрияи  «Омӯзгор» мушкилӣ эҷод мекунад. Таври мисол, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик (кадом донишгоҳ, донишкада ё коллеҷ?) Гулбону Одинаева дар мақолааш бо номи «Ваҳдат-сарчашмаи оромию субот» низ аз  дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар сухан ронда, он ҳамаро самараи ваҳдат ва якдилию якдигарфаҳмии мардуми тоҷик мешуморад.

Мудири бахши омӯзиши масъалаҳои тарбияи ПРМ АТТ Б.Зулфонов матлаби худро «Истиқлолият муқаддастарин ҷашни миллӣ» унвонгузорӣ намуда, дар он пиромуни марҳалаҳои ташаккулу таҳаввули давлатдории тоҷикон дар солҳои соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намудааст. Номбурда аз хусуси анъанаю суннатҳои таърихии давлатдории тоҷикон ҳарф зада, қайд кардааст, ки касе шаъну шараф ва ору номус дорад, барои истиқлолияти миллию давлатӣ, барои озодии ватани худ ҳеҷ чизро дареғ намедорад ва танҳо бо ҳамин роҳ сарбаландона, озодона ва бошарафона зиндагӣ мекунад. Ҳамкори  доимии нашрия Ҳасан Алимзода аз ноҳияи Айнӣ, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур Зумрат Умарова, устодони ДДТТ С.Зубайдов ва Р. Раҷабов, омузгори мактаби №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Малика Ҳусейнова, сармутахассисони шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Рустам Солиҳов, ва Иброҳим Зоиров, донишҷӯи курси 3-и факултаи биологияи ДДОТ ба номи С.Айни ва дигарон дар номаҳои саршор аз меҳру муҳаббати худ ба Ватан, ваҳдату сулҳ ва ҳаёти пурнишоту шукуфони мардумро васфу ситоиш намудаанд, ки мо аз онҳо миннатдорем.

 

Шодӣ Раҷабзод,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш