Нашрияи Омӯзгор

Нақши асотир дар омўзиши таърих

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ таълифи китобҳои дарсӣ ва таҳияи барномаҳои таълимӣ дар асоси арзишҳои миллӣ ва рўҳияи хештаншиносию ватандўстӣ ба роҳ монда шуд, ки китобҳои таърих аз ин раванд истисно намебошад. Шуруъ аз синфи 5 то синфи 11 таълими фанни “Таърихи халқи тоҷик” дар барномаи таълимӣ дохил карда шуд. Бояд қайд кард, ки омўзиши фанни мазкур дар марҳалаи нави таърихӣ махсусиятҳои илмию назариявии худро дошта,  он ба давраҳои инкишоф ва таҳаввули давлатдории тоҷикон вобаста ба асрҳои гуногун сурат мегирад. Аз ҷумла, дар синфи 5 хонандагон бо таърихи қадимтарини тоҷикон, аз давраҳои пайдоиши нахустин одамон дар рўйи замин, сарзамину шоҳаншоҳиҳо ва ба ин васила, давра ба давра ташаккулу рушд ёфтани давлатҳои аввалини тоҷикон шинос гардида, ба омўзиши мавзуъҳои таърихие рў меоранд, ки ҷолибу шавқовар мебошанд. Дар таълими фанни номбурда мавқеи ривояту асотир (мифология) бузург буда, он ба зуҳури одами аввалин ва сарзамину давлатдориҳо алоқамандии зич дорад. Таври мисол, пайдоиши одам дар китоби “Авесто” реша дар устураи ревоҷ (ребос) дошта, аз он мегўяд, ки аз ҳамин рустанӣ ду шоха рўйида, ки аз он Машия ва Машиёна (ҷинси аввали одамон – зану мард) ба дунё омадаанд. Дар хусуси пайдоиши подшоҳи нахустин бо исми Каюмарс (Говмард) низ ин гуна ривоёт вуҷуд дорад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, дар замони подшоҳии Каюмарс одамон ба ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва аз пўсту пашми ин мавҷудот дўхтани либосу пўшок оғоз карданд.

Чунин устураҳо доир ба қаҳрамониҳои Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Фаридун, Исфандиёр ва чанди дигар паҳлавонон, ки бешубҳа, асоси таърихӣ доранд, низ фаровон ба мушоҳида мерасад. Муаллифи китобҳои дарсии “Таърихи тоҷик” барои синфи 5 – 6, олими маъруф, академик Юсуфшоҳ Яқубзода дар баёни мавзуъҳои гуногуни таърихӣ баробар ба он, асотиру ривоятҳои ҷолиб меорад. Таври мисол, ҳангоми ба вуҷуд омадани давлатдориҳои нахустин дар Эрон (Ориёно) аз фарзандони Соми Наримон – Салм, Тўр ва Эраҷ ҳикоят мекунад. Воқеан, дар ин мавқеъ бозгўйии ривояти Ораши камонвар аҳамияти бузург дорад. Тибқи ин ривоят, марзи байни Эронзамин ва Тўрон вобаста аст ба иқдоми паҳлавононаи Ораш. Ораш дар заминаи шарти гузошташудаи тарафайн ба сари кўҳи баланде баромада, аз камонаш бо тамоми неруи худ тиреро партоб мекунад, ки он тир ба фосилаи дуре парвозкунон назди дарахти чормағзе меафтад. Ва мувофиқи ин устура, ҷое, ки тири партобнамудаи Ораш афтида буд, марзи Эронзамину Тўрон ҳисобида шуд. Ораш бошад, бо мақсади ҳар чи дуртар партоб намудани тир тамоми қувваи худро сарф мекунад, ки дар натиҷа  ҳамаи узвҳои пайкараш аз ҳам мерезанд. Ҳангоми гузаштани мавзуи “Пайдоиши Зурвония” дар синфи 6, муаллифи китоб батафсил дар бораи офарандаи ду неру – некӣ ва бадӣ бо номҳои Аҳуромаздо ва Аҳурамано ёд мешавад. Воқеан, дар таърихи адабиёт низ таълимоти динию фалсафие бо номи “Зурвония” машҳур аст. Чунонки маълум аст, қувваҳои Аҳуромаздо ва Аҳуромано пайвасти байни ҳам дар мубориза қарор дошта, мехоҳанд ҳадафҳои худро амалӣ кунанд.

Ҳамин тариқ, ҳангоми таълими мавзуи “Зуҳури Зардушт” низ аз боби биҳишту дўзах, пули чинвот, подшоҳии ҳазорсолаи Ҷамшед ва амсоли онҳо ривоятҳо оварда  мешаванд. Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса баровардан хатост, ки таърих саросар аз ривояту асотир таркиб ёфта бошад. Ривояту асотир реша дар воқеияти таърихӣ дошта, дар пиндори одамон гоҳо ба сурати зуҳуроти ғайримуқаррарӣ ва мавҷудоти афсонавӣ шакл мегирад.

 

Бибисоҷида РАҲМАТОВА,

омўзгори МТМУ №14,

шаҳри Ваҳдат

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш