Нашрияи Омӯзгор

Астрономия – заминагузори илмҳо

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Ташаккули фанҳои табиатшиносӣ на танҳо аз истифода бурдани муваффақият ва аз як фан ба фанни дигар гузаронидани усулҳои таҳқиқот, балки аз алоқаи байниҳамдигарии фанҳо низ иборат аст. Табиатшиносии замони ҳозира барои дарк кардани ин ё он соҳаи табиат ва таҳқиқоти он аз мавқеъ ва усулҳои ду ва ё якчанд фан истифода мебарад.

Дар натиҷа чунин алоқаманди фанни нави сарҳадии соҳавии мобайнӣ ба вуҷуд меояд. Масалан, байни астрономия ва математика, байни математика ва физика - физикаи математикӣ, байни астрономия ва физика - физикаи астрономӣ. Ҳамин тавр, илмҳои табиатшиносӣ ва фанҳои таркибии вай ҷудо мегарданду ташаккул меёбанд ва дар ҳама соҳа печ дар печ шуда, шохаҳои нави илмро ба вуҷуд меоваранд. Алоқамандии фанҳои астрономия ва математика имкон дод, ки донишҳои онҳоро барои ҳисоб намудани координатаҳои ҷирмҳои осмонӣ ва ҳама  гуна нуқтаи замин истифода намоем, ки инро дар илми ҳозира радиолокатсия меноманд.

Координатаҳо ишоратҳои ададӣ ва ё ҳуруфии мавқеи ҷойгиршавии объектҳо мебошанд. Барои донистани координатаҳои маҳал тўл ва арзи маҳали ҷойгиршавии объектро донистан зарур аст. Бо чунин тарз мо координатаҳои географиро мегузорем. Аз тарафи математикҳо моделҳои махсуси математикӣ сохта шуд, ки бо ёрии он мавқеи ҷойгиршавии ҳама гуна нуқтаҳои объектро дар фазо тасвир намудан мумкин аст. Чунин модел номи системаҳои координатро гирифт. Дар астрономия чунин системаро барои муайян ва навишти нуқтаи зарурӣ дар осмон истифода мебаранд. Натиҷаҳои истифодабарии навишти чунин усулҳои координат сабабгори кашфиётҳои бисёр гардида, ки ин ба рушди илми астрономия мусоидат намуд. Олимони Юнони қадим тўл ва арзи заминро барои муайян намудани нуқтаҳои мавқеи географӣ истифода мебурданд.

Вале системаи коор-динатаҳоро дар шакли ҳозирааш олими франсуз Рене Декарт сохта буд. Қайд кардан зарур аст, ки барои дақиқ муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии ҷисмҳои кайҳонӣ ва дигар намуди объектҳо каталогҳои махсуси астраноми тартиб дода шудааст, ки дар онҳо системаи координат ва ҳаракати ҷисмҳои кайҳонӣ тасвир ёфтааст. Ҳамин тарик, ҳиссаи математика дар навишти қонуну қоидаҳои мафҳумҳои астрономӣ мавқеи муҳимро ишғол намуд.

Физикаи муосир қариб ба ҳамаи тарафҳои фаъолияти инсон таъсир мерасонад. Он асоси ҳамаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ мебошад. Ин дар боздиди ақидаҳои мо бо кайҳон ва муносибати мо ба он инъикос мегардад. Астрономҳо бо мушоҳидаҳои фазои кайҳонӣ ва объектҳои астрономии худ барои ҳал намудан назди физикҳо вазифаҳои навро гузоштанд. Дар натиҷа физика хусусиятҳои сохт, табиат, пайдоиш ва хосиятҳои ин ё он гуна объектҳо ва ҳодисаҳои кайҳониро муайян мекунанд. Мисоли барҷастаи алоқаи байни физика ва астрономия ин корҳои олимони намоён Галилео Галилей ва Исаак Нютон мебошад.Дар натиҷаи алоқаи байниҳамдигарии зичи физика ва астрономия ва дар ҷои ба ҳам пайваст шудани онҳо фанҳои нави илмӣ ба монанди астрофизика, ки гуногунии ҳодисаҳои физикиро дар кайҳон меомўзад-физикаи Офтоб, физикаи сайёраҳо, физикаи муҳити байниситорагӣ, кайҳоншиносӣ ба вуҷуд омаданд.

Қайд кардан зарур аст, ки назарияи намоёни нисбияти Алберт Эйнштейн дар асоси мушоҳидаҳои усулҳои астрономӣ исбот карда шуд. Яке аз мисолҳои алоқаи байнифаннӣ астрономияи нейтронӣ шуда метавонад. Бо ёрии ин фан равандҳои дар қишрҳои ҷисмҳои кайҳонӣ гузаранда омўхта мешаванд. Мисоли ин омўзиши равандҳои дар қишри Офтоб ва ситораҳо гузаранда шуда метавонад. Ин фан дар натиҷаи дастовардҳои олимони физик дар соҳаи таҳқиқоти ядрои атом ва зарраҳои элементарӣ пайдо шудааст.

Ҳиссаи математика низ дар навишт ва ҳосил намудани қонуну қоидаҳои физикӣ хеле афзуд ва қонунҳои бақову принсипи симметрии будан дар навишти табиат мавқеи муҳимро ишғол намуданд. Агар механикаи Галилей равандҳои дар сатҳи Замин рўйдиҳандаро нависад, Нютон ин қонуниятҳоро барои ҳамаи ҷисмҳои дар системаҳои инертсиалӣ ҳаракаткунанда пешниҳод намуд.

Дар бораи алоқаи байни физика, математика, астрономия ва илмию техникӣ сухан ронда, зикр менамоем, ки ин алоқа дуҷониба аст.

Аз як ҷониб, дастовардҳои физика асоси рушди техника мебошанд, аз ҷониби дигар, баланд гардидани сатҳи техника барои гузоштани таҳкиққоти нави физикӣ имкон медиҳад, яъне техника имкониятҳои навро дар физика, астрономия ва дигар илмҳои табиатшиносӣ ба вуҷуд меоранд.

Муҳаррама ҚОБИЛҶОНОВА,

омўзгори мактаби №72,

ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш