Математикаи синни томактабӣ яке аз омилҳои тавонои рушди зеҳнии кўдаки синни томактабӣ, инчунин, ташаккули қобилияти эҷодӣ ва маърифатии ў мебошад. Он дар инкишофи зеҳнӣ ва равонии кўдаки синни томактабӣ аҳамияти хоса дошта, муваффақияти таълими минбаъда дар мактаби ибтидоӣ бештар аз он вобаста аст.
Гузаронидани машғулиятҳои математикӣ дар кўдакистон имкон медиҳанд, ки ҳиссиёти кўдак рушд намояд. Яъне, сарчашмаи мафҳумҳои математикии элементарӣ воқеияти атрофест, ки кўдак онро дар раванди фаъолиятҳои гуногун, дар муошират бо калонсолон ва таҳти роҳбарии таълими онҳо аз худ мекунад. Тавассути ҳаракати чашмҳо, пайгирии шакл ва андозаи ашё, ламс намудан бо дастҳо ва ғайра кўдакон дар бораи аломатҳо ва хосиятҳои гуногуни ашё - ранг, шакл, андоза, ҷойгиршавии фазоӣ, миқдор маълумот пайдо мекунанд.
Машғулиятҳои математикӣ дар кўдакистон тафаккури кўдакро инкишоф медиҳад. Дар раванди ташаккули мафҳумҳои математикии элементарӣ дар кўдакон тафаккури:
• аёнӣ ва муассир;
• аёнӣ ва тасвирӣ;
• шифоҳӣ ва мантиқӣ инкишоф меёбанд.
Математика ба инкишофи хотира, диққат ва тасаввуроти кўдаки синни томактабӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Хотира ин аз ёд кардан («Дар хотир нигоҳ дор, мураббаъ аст»), ба хотир овардан («Ин фигура чӣ ном дорад?»), Бозсозӣ («Доира каш!»), шинохтан («Рақамҳои шиносро ёбед ва номбар кунед!») ба шумор меравад.
Диққат ҳамчун як раванди мустақил амал намекунад. Натиҷаи он беҳтар шудани тамоми фаъолият мебошад. Барои фаъол кардани диққат, қобилияти гузоштани вазифа ва ҳавасманд кардани кўдак муҳим аст. Масалан, «Мадина як себ дорад. Дилноза ба наздаш омад, мо бояд себро байни ду духтар баробар таксим кунем. Бодиққат бубин, ман ин корро чӣ тавр мекунам!». Тавассути чунин масъалагузориҳо хотираи кўдакро мустаҳкам намудан мумкин аст.
Машғулиятҳои риёзӣ ба рушди нутқи кўдак таъсири калон мерасонанд: бо ёрии рақамҳо, истилоҳоти математикие, ки шакл, андоза ва ғайраро тавсиф мекунанд захираи луғавии кўдакон ғанӣ мегардад. Масъалаҳои математикӣ имкон медиҳанд, ки кўдакон бо ҷумлаи пурра тартиб додани ҷавоби масъаларо омўхта, тарзи мулоҳизаронии мантиқиро азхуд кунанд.
Сокина Бобоева,
мураббияи ширхоргоҳ -
кўдакистони №133, ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр