Нашрияи Омӯзгор

Сифатҳои омўзгори муосир

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Омўзгор дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷрибаи озоди эҷодии педагогӣ ҳуқуқ дошта, тарзу усули муносибат бо таълимгирандагонро, ки ба эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтааст, мустақилона интихоб менамояд. Метавонад бо салоҳдиди худ намуди фаъолияти тарбиявиро интихоб намояд ва усулҳои навоваронаи таълиму тарбияро истифода кунад, агар онҳо аз нуқтаи назари касбӣ шоиста ва қобили истифода бошанд. Омўзгор дар фаъолияти касбии худ хилофи манфиату мақсадҳои таълим амал намекунад.

Омўзгор таълимгирандаро ҳамчун шахсият эҳтиром намуда, раванди тарбиявиро бо дарназардошти хусусиятҳои фардӣ ва синнусолӣ, хислат ва қобилияти ў ташкил менамояд. Дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ дар фаъолияти касбии худ манфиатҳои таълимгирандаро нисбат ба манфиатҳои ҳама шахсони дигар ба таври афзалиятнок дастгирӣ ва эҳтиром мекунад.

Ба фаъолияти таълимгирандагон диққат дода, ба онҳо имкон медиҳад, ки фикру ақидаҳояшонро баён намоянд, ба суханони таълимгирандагон гўш диҳад, хоҳиши онҳоро ба эътибор гирад.

Омўзгор дар ҳама ҳолатҳо ба шогирдон ғамхорона ва эҳтиёткорона кумак расонида, таълимгирандагонро ба эҷодкорӣ роҳнамоӣ менамояд.

 Барои таълимгирандагон бо мақсади дуруст дарк кардан ва аз худ намудани маводи таълимӣ вақт муайян намуда, маводи таълимиро содаю фаҳмо пешниҳод мегардонад ва дар раванди таълим агар фикру ақидаҳои омўзгор аз ягон ҷиҳат аз тарбиягиранда фарқ намояд, омўзгор сарфи назар аз ин бояд ўро рўҳан дастгирӣ намояд.

Дар фаъолияти касбии худ омўзгор хилофи манфиату мақсадҳои таълим амал намекунад.

Омўзгор бояд ба кори худ содиқ бошад, ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хеш масъулиятро дарк намояд.

Омўзгор барои ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбати педагогӣ дар доираи имкон, аз ҳама воситаҳо, донишҳои замонавӣ, усулҳои таълиму тарбияи муосир истифода мебарад. Доир ба комёбиҳои илмӣ ба тарбиягирандагон маълумот пешниҳод менамояд.

Роҳҳои сайқал бахшидан ба донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии хонандагон гуногун аст. Гумон мекунам, ки натиҷаи дилхоҳ ва ба даст овардани комёбиҳо дар ҷодаи омўзгорӣ ба он муаллиме муяссар мегардад, ки худ дониши фарох, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати баланди касбӣ дорад.

Дилшод ҲАЙДАРОВ,

омўзгори литсейи №3

барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш