Баъди дарсҳо, дар мактаб - интернатҳо иҷрои вазифаҳои таълимии хонагӣ аз рўи реҷаи рўз гузаронида мешавад.
Мақсади асосии дарстайёркунӣ чунин мебошад: такрор ва мустаҳкам намудани маводи нави таълимии дар дарсҳо омўхташуда, инчунин, мустақилона омўхтани маводи илова аз рўи мавзуъ ва дар таълими минбаъдаю фаъолияти амалӣ татбиқ намудани донишҳои ҳосилгардида. Вале аҳамияти калони тарбиявӣ доштани дарстайёркунӣ ва он имкониятҳоеро, ки он барои инкишофи малакаҳои меҳнати мустақилонаи таълим, кор бо китоб, маҳорати ҳосилкунии донишҳои нав ба педагогҳо ва хонандагон медиҳад, фаромўш кардан мумкин нест. Ниҳоят, маҳорати мустақилона ташкил намудани меҳнати таълимӣ, фикрӣ, худ асоси инкишофи шавқу ҳавас ба таълим мебошад. Ҳамаи роҳбарони мактабҳо, роҳбарони синфҳо ва муаллимонро вазифадор мекунад, ки нисбат ба дарстайёркунӣ бодиққат ва бо андеша муносибат кунанд, дар ташкилу гузаронидани он ба тарбиятгирандагон доимо ёрӣ расонанд.
Дар интернатҳои назди-мактабӣ дар амалияи дар як бино ба дарстайёркунӣ муттаҳид гардонидани ҳамаи хонандагон нисбатан васеъ паҳн шудааст. Аксар вақт ин хонаи махсус буда, дар он тахтаи синф, бўр, харита, ҷадвал ва дигар асбобҳои аёнӣ оид ба фанҳои таълимӣ мавҷуд ҳастанд. Дар интернатҳои на чандон калоне, ки шумораи тарбиятгирандагон аз 30-40 нафар зиёд нест, ҳамин гуна ташкили дарстайёркунӣ ба андозаи муайян самарабахш аст. Дар он интернатҳое, ки шумораи бачаҳо зиёд аст, гузаронидани дарстайёркунӣ дар як бино, бигузор дар бинои калону васеъ бошад ҳам, ба мақсад мувофиқ нест ва ҳатто зарарнок аст. Дар ин гуна шароит вазъияти корӣ вайрон шуда, бачаҳо диққати худро ба як нуқта ҷалб карда наметавонанд. Тарбиятгар ба ҷои он ки ба хонандагони эҳтиёҷманд ёрӣ расонад ва рафти корро ба зери назорат гирад, вақти худро бештар бо нигоҳ доштану муҳофизат кардани тартибот сарф менамояд. Аз ин рў, идоракунии аудиторияи бачагон душвор мегардад, самараи дарстайёркунӣ хеле кам мешавад. Бинобар он, агар дарстайёркунӣ дар синфҳо, кабинетҳо, бевосита дар мактаб гузаронида шавад, беҳтар аст. Ин ҳолат, нахуст имконият медиҳад, ки хонандагонро ба якчанд гурўҳ тақсим намуда, ба ҳамин тариқ, дар ҳар яке аз ин гурўҳҳо вазъияти зарурии корӣ фароҳам оварда шавад. Аз ҷумлаи хонандагони бештар интизомноку масъулиятноки синфҳои гуногун гурўҳи комилан мустақил ҷудо карда мешавад. Худи онҳо супоришҳоро тайёр намуда, муҳофизати тартибот ва эҳтиёт моликиятро таъмин мекунанд. Ин дар як вақт барои кори хуб ва рафтору одоби намунавӣ низ ҳавасмандгардонии муайяне мебошад. Одатан, бачаҳо ин гуна бовариро азиз медонанд ва бо ғайрати том кор мекунанд. Бачаҳои дигарро аз рўи зарурат, инчунин, ба гурўҳ ҳо тақсим кардан мумкин аст.
Тарбиятгарон аз ҷумлаи калонсолони фаъоли нағз мехондагӣ барои худ ёрдамчиён интихоб менамоянд. Худи тарбиягирандагон аз як гурўҳ ба гурўҳи дигар омада, рафти иҷрои корҳоро назорат мекунанд, ба онҳое, ки ба мадад бештар эҳтиёҷ доранд, ёрии зарурӣ мерасонанд. Табиист, ки тарбиятгарон ба ҳамон гурўҳ дар ин ё он масъала душворӣ ба амал меояд ва дар ин ҷо ҳайати хонандагон суст аст, бештар диққат медиҳанд.
Дуюм,хонандагон ва тарбиятгарон бевосита дар мактаб машғулият гузаронида, тамоми асбобҳои аёнӣ, таҷҳизот ва маводи барои машғулиятҳо зарурбударо истифода бурда метавонанд.
Тарбиятгар бояд ба кори хонандагон аз болои иҷрои вазифаҳои хонагӣ диққати даркорӣ диҳад ва ба таври қатъӣ назорат кунад (бо мақсади таъмини мустақилият, огоҳкунии нусхабардорӣ ва сари вақт ёрӣ расондан ба эҳтиёҷмандон). Пурра ва дуруст иҷро намудани вазифаҳои хаттӣ дар рафти ба ҷо овардани кор ва дар охири он низ санҷида мешавад. Фанҳои даҳонакиро бо пурсиши фарогир ва фардии хонандагон, хусусан, хонандагони дарсҳоро суст ҳазм мекардагӣ санҷидан мумкин аст. Барои назорати хонандагони суст бачагонеро, ки дарсҳоро нағз ҳазм мекунанд, ба ёрӣ ҷалб кардан мумкин аст.
Дар вақти тайёр кардани вазифаҳои даҳонакию хаттӣ дар назар доштан лозим аст, ки бисёр бачаҳо ба усули бо овози баланд ва танҳо аз худ кардани дарсҳо одат кардаанд. Дигар хонандагон бошанд, дукаса ё дар гурўҳи начандон калон бомуваффақият кор мекунанд, сеюмиҳо ба он эҳтиёҷ доранд, ки чизи ёд кардаашонро ба касе нақл кунанд, он гоҳ онҳо дарсро беҳтар дар ёд нигоҳ медоранд ва ҳоказо. Тарбиятгар бояд ҳамаи инро ба эътибор гирад, феълу одоби бачаҳоро донад ва мувофиқи онҳо барои кори мустақилонаи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварад.
Карамхудо Соибназаров,
омўзгори калони ДҶТИБКСМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр