Нашрияи Омӯзгор

Имлои санҷишӣ ва инкишофи нутқи хонандагон

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 111        Шарҳ: 0

 

Дар синфҳои ибтидоӣ соатҳои алоҳида барои навиштани имлои санҷишӣ (диктант) муқаррар гардидааст. Бояд гуфт, ки тарзи гузаронидани имлои санҷишӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Тавре маълум аст, матни интихобшуда аз ҷониби омўзгор аввал буррову ифоданок ва бо ба назар гирифтани мавқеи зада дар калима, оҳанги талаффуз, ист (пауза) ва риояи аломатҳои китобатӣ (дар мобайн ва охир) қироат карда мешавад.

Аз таҷриба амиқ медонем, ки калима ё ибораю таркибҳои мураккаб на танҳо бо диққат талаффуз  мешаванд, балки дар тахтаи синф ҳамчун кумак ба шогирдон аз тарафи омўзгор навишта мешавад. Мусаллам аст, ки ҳадафи навиштани имлои санҷишӣ такомул бахшидан ба  нутқи хаттии хонандагон, донистан ва арзёбии саводнокии онҳо ба шумор меравад. То чӣ андоза дурусту беғал ва равону зебо навиштани имлои санҷишӣ бозгўйи заҳмат ва маҳорату қобилияти педагогии омўзгор маҳсуб меёбад. Алҳол дар масъалаи санҷиши  диктанти навиштаи шогирдон аз сўйи муаллим ва таҳлилу баҳогузории ў аз ҷониби методистону мактабшиносон фикри дақиқу аниқ мавҷуд нест. Аз ин рў, дар ин самт омўзгор метавонад аз таҷрибаи педагогии худ истифода бурда, ҷанбаи психологии ин масъаларо низ аз мадди назар дур нагузорад. Омилҳое чун ба назар гирифтани саъйю кўшиши хонанда дар боби бехато навиштани калимаҳо, ҳавасманд гардондани шогирди сустхон бо гузоштани баҳои нисбӣ (шартӣ) ва дар умум, ба ифрот роҳ надодан дар баҳогузорӣ  муҳим мебошад. Мутаассифона, дар байни омўзгорон онҳое ҳам дучор мешаванд, ки ба ин омилҳо таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, баҳои саводи хонандаро ё баланд мегузоранд ё паст. Ба таъкиди педагогони шинохтаи ҷумҳурӣ, академик М. Лутфуллозода ва олими сермаҳсул И. Абдуллоев, «кор  бо ғалатҳои имлоии талабагон қисми асосии фаъолияти омўзгори синфҳои ибтидоист. Ғалатҳои имлоӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд: партофтани ҳарф, навиштани ҳарфи зиёдатӣ, ба ҷойи як ҳарф навиштани ҳарфи дигар, ҷудо ё якҷоя навиштани калима ё ҳиссаи он, хурд ё калон навиштани ҳарфи аввали калимаю ҷумла  ва ғайра. Омўзгор бояд сабабҳои рўй додани ғалатҳои имлоӣ, роҳҳои пешгирии онҳо, тарзҳои гуногуни ислоҳи ғалатҳои имлоиро донад. Ғалатҳо дар навишти имлои санҷишӣ асосан ду навъ мешавад: имлоӣ ва китобӣ. Ҳангоми дарёфтани ғалатҳои имлоӣ ва китобӣ хуб мешуд, дар ҳошияи дафтар ин ғалатҳо ишора карда шавад. (Масалан, бо рақами 1-ғалатҳои имлоӣ, бо рақами 2-ғалатҳои китобӣ).

Дар санҷиши имло (диктант), дар зери баҳо шумори ғалатҳои имлоӣ ва китобӣ ишора мешавад. Ба ин тарз, хонандагонро маълум мегардад, ки дар навишти кадом калимаҳо ғалат содир кардаанд. Мутаассифона, аксар омўзгорони ҷавон дар гузаронидани имлои санҷишӣ ба мушкилӣ рў ба рў мешаванд, баҳоро на тибқи меъёр, балки сатҳӣ мегузоранд. Маъмурияти таълимгоҳҳо, бахусус, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ ва роҳбари иттиҳодияи методии фанни синфҳои ибтидоиро зарур аст, ки зуд-зуд дар машғулиятҳои омўзгори навкор, аз ҷумла, ҳангоми гузаронидани имлои санҷишӣ иштирок карда, хатоҳои ўро ислоҳ ва ба ў маслиҳату тавсияҳо диҳанд, зеро тарзи талаффузи калимаҳо ҳангоми имлои санҷишӣ аз омўзгор ҷиддан вобастагӣ дорад.

Дилором Жолматова,

омўзгори синфҳои ибтидоӣ,    

шаҳри Ваҳдат

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш