Нашрияи Омӯзгор

Тарғибгари ҳунар

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар ноҳияи Файзобод бо омўзгорони эҷодкору болаёқаташ ном баровардааст.Ин ҷо зиёда аз чил нафар омўзгори дорои маълумоти олӣ дар пешбурди таълиму тарбияи насли наврас пайваста ҷидду ҷаҳд доранд ва ҳар сол даҳҳо шогирдашон дар олимпиадаҳои гуногун иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ба даст меоваранд. Дар суҳбат бо мо омўзгори технология (таълими меҳнат) Тоир Тоҳиров аз аҳамияти ин фанни таълимӣ сухан гуфта, зимнан хоҳиш намуд, ки синф – кабинети технологияро тамошо кунам. Вориди синф – кабинет шудам. Зиёда аз сад нигораю мусаввара ин ҷо гирд оварда шудааст. Дар як гўша зарфҳои қадимаи арзишманд  - қошуқ, чарха, кафлеси чўбин, таҳдег, офтоба ва дар гўшаи дигари синф олоти бостонии меҳнат – омочи оҳанин, омочи чўбин, табар, дос, теша, болғаи оҳанкўбӣ гирд оварда шудааст. Ҳамчунин, гўшаҳои «Тоҷикистон - Ватанам» «Дўстиро ҷустуҷў дорем мо», «Тоҷикистон – такягоҳи Сулҳ», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушду устувор», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ороиши синф - кабинетро такмил мебахшанд. Тоир Тоҳиров 22  сол аст, ки дар ин таълимгоҳ ба ҳайси омўзгори технология кор  мекунад. Ў шогирдонро дар рўҳияи меҳнатдўстӣ ва эҳтироми ҳамдигар тарбия менамояд. Мекўшад, ки онҳо ба ҳунаромўзӣ машғул шаванд, асосҳои ҳунарҳоро хуб донанд. Тоир Тоҳиров барои ташкил кардани  беҳтарин синф-кабинет ва гирд овардани ашёи қадимии меҳнат сазовори мукофоти раиси ноҳия гардидааст.

Ҳокими САФАР,

ноҳияи Файзобод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш