Нашрияи Омӯзгор

Аз як гиребон сар барорем

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

 

Тарбияи ахлоқии насли наврас аз вазифаҳои пурмасъулияти омўзгорону устодон маҳсуб меёбад, зеро  таълиму тарбия дар рўҳияи одобу ахлоқи нек нахустин ва муҳимтарин омили саодату камоли одамӣ ва ҷомеаи инсонӣ аст. Ниёгони мо аз замонҳои қадим ба таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ин бобат дар китоби «Авасто» ва дигар китобҳои фалсафию адабӣ андешаҳои фаровоне дар хусуси аҳамияти илму дониш ифода ёфтааст. Ин ғоя минбаъд дар асарҳои дигар адибони мо ба шаклҳои гуногун таҷассум ёфтааст. Таълиму тарбия дар осори адибони классики форсу тоҷик ба таври зайл инъикос гардидааст: ҳар инсон бояд донишандўзӣ намояд ва адабро фаро гирад, то соҳиби сифатҳову кирдори нек гардад ва барои ҷомеа шахси созанда ба шумор равад. Қисмати бештари ин гуна осорро панду насиҳат дар боби ростӣ ва дурустӣ, некуӣ ва накукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ, эҳсон ва мурувват, дўстию рафоқат, ҳифзи обрў ва мавқеи инсонӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид изҳор доштаанд: «Тамоми осори гузаштагони моро – аз «Авасто» cap карда, то Рўдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хисрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Сайидою Дониш ва садҳо дигар - маҷмуаи одобу ахлоқ номидан мумкин аст».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги масъалаи мазкур дар ташаккули инсони нави фаъолу созанда «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидаанд, ки мавқеи ҷавоннро дар ҷомеа муайян менамоянд.

Ҳамон тавре ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда кишварҳо ҳар лаҳзаву соат ниёзманд татбиқи ислоҳот дар низомҳои сиёсиву иқтисодии худ мешаванд, ба ҳамин наҳв бо зарурати таҷдиди назар дар низоми таълиму тарбия рў ба рў мегарданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид карданд: «Ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатиест, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар ин маврид, дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин, тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем».

Тарбия паҳлуҳои зиёде монанди тарбияи ҷисмонӣ, ақлонӣ, ахлоқӣ, равонӣ, фарҳангиро дар бар мегирад, ки аз ин миён тарбияи ахлоқӣ барои такомули шахс аҳамияти вижа дорад.

Бо дарназардошти нақши тарбияи ахлоқӣ дар ташаккули насли наврас ва ояндасоз, худогоҳ, комил, боодобу бофарҳанг ба воя расонидани онҳо Савари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид зикр намудаанд: «Дар чунин шароит ва замоне, ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар мадди аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем».

 

Оразбону АБДУЛВАДУДОВА,

омўзгори забон ва адабиёти тоҷики коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш