Нашрияи Омӯзгор

Чор омили саодатмандӣ

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

Мактаб дар баробари он ки ба бачаҳо доир ба фанҳои дар барнома тасдиқшуда маълумот дода, онҳоро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ мегардонад, ба тарбияи ҳамарўзаи онҳо низ диққати ҷиддӣ медиҳад.  

Мутаассифона, баъзан ба мушоҳида мерасад, ки таълиму тарбия дар ҷомеаи мо дар сатҳи начандон баланд қарор дорад. Бо вуҷуди он ки ҳама чораҳо дар ин самт андешидаву амалӣ мегарданд, боз ҳам баъзе  ноҷўриҳо ба чашм мерасанд. Дар ин масъала бархе падару модар ва қисме мактаб ва иддае  ҷомеаро гунаҳгор медонанд. Аммо ҳақиқат он аст, ки ҳамаи ин дар якҷоягӣ ба тарбияи кўдак таъсиргузоранд ва моро мебояд дар ҳамбастагӣ ба тарбияи насли наврас машғул шавем.

Бузургон фармуда, ки агар барои фарзанд чаҳор нафар намунаи хуб бошад, муҳол аст, ки фарзанд нохалафу бадрафтор шавад. Яке – падар, дувум – модар, сеюм – омўзгор  ва чорум – дўст. Агар яке аз ин чаҳор дар тарбия бемасъулиятӣ зоҳир намоянд, таъсири он ба тарбия манфӣ хоҳад буд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо омилҳое, ки таъсири манфӣ доранд, хеле зиёданд.

Пўшида нест, ки қисме аз мардуми ҷумҳурии мо барои пешбурди зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ  мераванд ва ин аввалин зарбаест ба тарбияи кўдак. Наврасоне, ки ба ҳадди балоғат мерасанд, аз набудани падар истифода бурда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, роҳҳои нодурустро интихоб мекунанд, зеро шўри ҷавонӣ дар дили онҳо ҷўш мезанаду аз назорати қатъӣ дуранд. Бар замми ин, баъзе модарон ҳамарўза дар бозору корхонаҳо кор мекунанд ва барои маслиҳату тарбияи фарзанди хеш вақти кофӣ намеёбанд. Шахси сеюме, ки дар тарбия саҳм дорад, омўзгор аст, ки аз субҳ то шом дарс мегўяду имконияти  бо  кўдак  кор карданро надорад. Робитаи падару модар бо мактаб хеле заиф аст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто дар маҷлисҳои падару модарон қисми зиёди волидайни хонандагон ҳозир намешаванд. Фориғ аз дарс толибилмон боз ба муҳити носолим меафтанд. Дар ҳоле, ки чор манбаи тарбия чандон устувор нест, чӣ гуна метавонем тарбияи дурустро хоҳон бошем?

      Аз тасдиқ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар аз даҳ сол гузашта  бошад ҳам, то ҳол бархе аз падару модарон нисбат ба тарбияи фарзандони хеш беэътиноӣ зоҳир намуда, ҳаёти оядаи онҳоро зери савол мегузоранд.

Омили дигаре, ки ба тарбияи нодуруст сабаб мешавад, муҳоҷирати меҳнатӣ аст, ки ҷавонони мо аз пайи дарёфти маблағ шуда, аз таълим дур мемонанд. Дар байни падару модароне, ки фарзандонашон дар муассисаи мо таҳсил мекунанд, кам нестанд онҳое, ки ба таълиму тарбияи фарзандонашон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва барои хушбахтиашон саъю талош меварзанд, вале бо як гул баҳор намешавад.       Хуб мешуд, агар ҳамаи волидон масъулият ҳис намуда, дар якҷоягӣ бо омўзгорон барои  тарбияи ҳадафмандонаи насли наврас, ки ояндаи кишвар дар дасти онҳост, саҳмгузор мебуданд. Моро мебояд ба таври ҳамагонӣ андеша намуда, аз як гиребон сар барорему барои ҳалли ин мушкилот  саъй намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем ба ояндаи нек умед бандем.      

 

Нозигул КАРИМОВА, 

омўзгори технологияи

меҳнати МТМУ №121,

ноҳияи Фирдавсӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш