Нашрияи Омӯзгор

Корҳои тарбиявӣ бояд муассир бошанд

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

 

Шогирдони мо дар  синфҳои ибтидоӣ бораи табиату ҷамъият ва муносибати одамон тасаввуроти аввалин пайдо мекунанд. Онҳо ба моҳияти баъзе ашёи муҳити зист ва баъзе ҷиҳатҳои муомилаи одамон тадриҷан сарфаҳм мераванд, ҳамаро қиёс мекунанд, робитаи байни чизҳоро дарёфтанӣ мешаванд. Дар ин бобат шаклҳои одии меҳнат, хонишҳои берун аз синф, намоишҳои телевизион ва гуфторҳои радио, саёҳати табиат, муносибати муаллимон ба онҳо ва ғайра мадади калон мерасонанд. Вобаста ба ин муаллимон хонандагони синфҳои поёниро бо нахустин нишонаҳои ҷаҳонбинӣ ошно месозанд, ақидаю эътиқоди онҳоро ташаккул медиҳанд. Шогирдони хурдсол ба муаллими худ бовар доранд, ўро эҳтиром мекунанд, ягон ҳаракату муносибати муаллим аз чашми онҳо дур намемонад. Бинобар ин, мавқеи муаллим ва оҳанги муносибати ў бо ҳамкорон ва шогирдон дар ташаккули ҷаҳонбинии онҳо аҳамияти калон дорад. Муаллимон бояд ба муносибати мутақобили кўдакон, муносибати онҳо ба кор, ба иҷрои вазифа ва ғайра диққат диҳанд. Ин ҷо бозиҳои кўдакон нақши муҳим мебозад. Муаллим метавонад бозии хурдсолонро бодиққат мушоҳида карда, зуҳури баъзе хислатҳои бад, фиреб, дурўғ, туҳмат ва ғайраро мавриди танбеҳу сарзаниш қарор дода, хислатҳои некростқавлӣ, самимият ва ғайраро ҷонибдорӣ намояд. Мақолҳои халқӣ чун “одама лафзаш ҳалол”, “рост гў, рост рав, рост нишин”, “ростиро завол нест”, “аз дурўғ парҳез”, “бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ” бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ”... ҷаҳонбинии хурдсолонро ташаккул медиҳанд. Барон ташаккули ҷаҳонбинии хурдсолон, ҳамчунин, бозиҳои дидактикӣ, хондан ва муҳокима кардани хабару мақолаҳо аз нашрияҳои бачагона, дарсҳои забони модарӣ, хониш, риёзиёт, мусиқӣ, меҳнат, корҳои берун азсинф ва ғайра мадади калон мерасонанд.

Барои инкишофи ҷаҳонфаҳмии хонандагони хурдсол чунин шаклҳои тарбия тавсия карда мешаванд:

—   кори фоиданоки ҷамъиятӣ;

—   машғулиятҳои тарбиявии берун аз синф ва берун аз мактаб;

—   хонишҳои берун аз синф;

-     намоиши филмҳои таълимӣ, бадеӣ, телевизионӣ, видеоӣ;

—   шунидани радио;

—   ташкил ва гузаронидани саёҳатҳо ба табиат;

—   шиносонидан бо одамони наҷиб;

—   шиносоӣ бо ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ;

—   гузаронидани бозиҳои гуногуни таълимӣ ва варзишӣ;

—   бо ёрии волидон ва омўзгорон тайёр кардани асбобҳои аёнии дидактикӣ;

—   таҷлили анъанаҳон миллӣ;

—   қайд намудани санаҳон таърихӣ;

—   муҳокимаи мақолаҳо ва китобҳо;

—   ташкили гўшаи «Дар олами аҷоибот».

Вобаста ба хусусиятҳои хоси ин синну сол бояд чунин вазифаҳои тарбиявӣ ҳалли худро ёбанд.

—   ташаккули ҷаҳонбинӣ;

—   тарбия намудани муносибати мусбӣ ба хониш, фаъолиятнокӣ, ахлоқи хуб ва меҳнатдўстӣ;

—   омўзонидани қоидаҳои талабагӣ;

—   муносибат ба меҳнат ва моликияти ҷамъиятӣ;

—   шиносон ба касбҳои гуногун;

—   шиносоӣ бо масъалаҳои одитарнни экологӣ ва иқтисодӣ,

—   риоя намудани тартибу интизом дар мактаб, оила ва ҷонҳои ҷамъиятӣ;

—   ҳурмату эҳтироми омўзгорон, волидон ва калонсолон;

—   тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ;

—   инкишофи фаъолияти эҷодӣ.

—   рангиниву муассирии корҳои тарбияви омили асосии комёбие омўзгор мебошад.

Ҷамила Зуҳурова,

омўзгори синфҳои ибтидоии   

мактаби №30-и шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш