Бовар кунед, Толибҷон, саргузашти шумо маро ором намегузорад. Мехоҳам боз дигарашро шунавам. Дар ин айёме, ки мо зиндагӣ дорем, ақлу хирад ва фаҳму фаросат моро аз ҳама гуна озурдагиҳо даво мебахшанд.
Толибҷон Бобохонов ба фикр фурӯ рафт.
- Хуб, кӯшиш мекунам ба таври мушаххас баён созам, зеро бузургон фармудаанд:
- Кӯтоҳбаёнӣ хоҳари истеъдод аст.
– Бигузор гуфтаи шумо шавад, - сухани маро тасдиқ намуд Толибҷон
Ман дар синфи ҳафтум мехондам, вале писари амакам Назар, ки аз ман як сол калон буд, дар синфи ҳаштум мехонд. Пас аз хатми синфи ҳаштум ӯ ба омӯзишгоҳи педагогӣ дохил шуда, дар курси якум мехонд. Рӯзе ман аз мактаб ба хона баргаштам. Модарам аз сару рӯям бӯсида, ба наздам дастархонро гузоштанд. Ҳамин вақт дар рӯйи ҳавлӣ бобои амакбачаам - Мустафо пайдо шуд.
– Биёед, амак, бо Толибҷон, бо ҳам, хӯрок хӯред, таклиф карданд модарам. Мустафо хоҳиши модарамро ба ҷо овард. Ҳангоми рафтан ба ман заҳрханда карда гуфт:
- Ту мисли набераи ман муаллим шуда наметавонӣ. Назар дар курси якум мехонад. Падараш босавод, бригадир шуда кор мекунад. Агар писари чӯпон омӯзгор шавад, ҳамин риш барои ман ҳаром аст. Ман ӯро ҳатман метарошам!
Мустафо рафт, вале модарам беист ашки ноумедӣ аз дидагон мерехт. Ман аз ин суханони сарди мӯйсафед базӯр худро нигоҳ дошта, модарамро дилбардорӣ мекардам:
-Навмед набояд шуд аз гардиши айём, ҳар шаб, ки ояд, зи паси он саҳаре ҳаст, – гуфтаанд бузургон. Ман аз ҳамин дақиқа дар дили худ ниҳонӣ аҳд кардам: ман бояд аз набераи ӯ кам набошам! Аз ҳама ҷиҳат бартарӣ дошта бошам! Агар наберааш кайҳоннавард шавад, ман ҳам бояд кайҳоннавард бошам! Амакбачаам Назар бисёр инсони нек аст. Ин ҷо ман аз бобояш ранҷидаам, на аз ӯ. Оқилон ҳасад намебаранд, мубориза мебаранд, то комёб гарданд
Аз ҳамон рӯз инҷониб барои ман то охири умр рӯзу шабҳои сангин сар шуданд. Ин рақобати ниҳонӣ буд. Пас аз хатми синфи ҳаштум ман низ донишҷӯйи омӯзишгоҳи педагогӣ шудам. Ӯ пас аз хатм як сол омӯзгор шуд, ман ҳам. Вай ба хизмати ватан даъват шуд, ман низ ихтиёрӣ ариза навишта, ба хизмат рафтам. Ӯ факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи мазкурро хатм кард, ман ҳам факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгориро хатм кардам. Фаҳмидам оиладор шудаст, ман ҳам оиладор шудам. Ӯ то охир омӯзгор шуда, ба нафақа баромад, дигар муаллимӣ накард. Ман ҳам дар шаҳри Душанбе аввал омӯзгор, методист, муовини директор, панҷ сол корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон будам, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби чор ифтихорномаи Вазорати маориф, даҳ мақола бо забонҳои тоҷикиву русӣ, се дастури методӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ, шеърҳо бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва то охир омӯзгор шуда, ба нафақа баромадам, Азбаски касбамро дӯст медорам, баъди нафақа шашум сол мешавад, ки пешаи омӯзгориро тарк накардаам ва то ҷон дар бадан дорам, касбамро давом медиҳам, ҳиссаи худро дар таълиму тарбияи насли наврас мегузорам ва таҷрибаи худро ба омӯзгорони ҷавон меомӯзонам, то наслҳои оянда аз мо розӣ бошанд.
Вазъи оилавиам: соҳиби чор фарзанд (се писару як духтар – ҳама маълумоти олӣ доранд) ва дувоздаҳ набера.
Дар байни мардум “Суханҳои ман имрӯз туро дард кунад, фардо туро мард кунад” мегӯянд. Суханҳои мӯйсафед дар ҷавониам барои ман хеле дарднок буданд. Ман ба он одам нафрат доштам, вале вақте ки зина ба зина таҷрибаи зиндагӣ бештар гардид, ман ӯро душман не, балки дӯсти худ шуморидам. Ба туфайли суханҳои он мӯйсафед ман бисёртар ба худомӯзӣ гузаштам, аз болои худ кор кардам, мавқеи худро дар ҷомеа муайян намудам, барои ҳаёти хушбахтона мубориза бурдам ва ба мақсадам расидам. Акнун гуфтанӣ ҳастам, ки Худованд ҷояшро ҷаннат гардонад.
Дар ҳаётам ҳамаи комёбиҳоямро ман аз рақобати озод бо рақибонам ба даст овардаам.
Ман хеле шод мешавам, агар ин таҷрибаи ҳаётиам касеро аз роҳи нодуруст бароварда тавонад. Саломат бошед!
Толеъмурод Бобокалонов
омӯзгор, Аълочии маориф
ва илми ҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр