ВМНО зинаи охирини СПИД мебошад. Ин беморӣ аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта ба аҳли ҷомеа маълум гардид. Имрўзҳо тибқи маълумоти СММ ҳар рўз дар ҷаҳон тақрибан 16 ҳазор нафар одам аз вируси масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон 14-22-сола ташкил медиҳанд.
Аз рўзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон 60 млн нафар ба он сироят ёфта, 20 млн нафарашон ба ҳалокат расиданд, ки хеле ташвишовар аст.
Гирифторони ин беморӣ давоми солҳо худро тамоман солим мепиндоранд, аммо он ба атрофиён хатарнок аст. Ў метавонад фаъолона бемориро паҳн намояд.
Роҳҳои сироятёбӣ инҳоянд:
Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори ин беморианд.
Ҳангоми хунгузаронии хуне, ки дар таркибаш ин вирус мавҷуд аст.
Аз модари ин гуна вирус дошта ҳангоми ҳомиладорӣ ва маконидани кўдак.
Бисёртар ба ин беморӣ киҳо гирифтор мешаванд?
ВИЧ СПИД дар байни одамоне, ки ба гурўҳҳои хатар тааллуқ доранд, нашъамандон, занон ва мардони ба фоҳишагӣ ва беҳудагардӣ даст мезананд, ҳангоми бо афроди зиёд ҳамхобагӣ кардан ба онҳо сироят мекунанд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 1500 ҳолати нави сирояти вируси ВМНО ошкор шуда буд. Ин чунин маъно дорад, ки дар Тоҷикистон ҳар рўз чор нафар ба ин беморӣ гирифтор мешавад.
ВИЧ СПИД бо ин роҳҳо сироят намешавад:
Ба воситаи асбобҳои рўзгор.
Нафаскашӣ , сулфидан, оғўш гирифтан, бўсидан. ҳангоми неш задани ҳашарот ё газидан.
Ҳангоми бо гирифторони ВИЧ СПИД вохўрӣ кардан.
Бо мақсади иттилоотонии ҷомеа ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он аз соли 1996 ҳамаи давлатҳои узви СММ ин рўзро бо баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию машваратӣ таҷлил менамоянд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ ҳамасола ин рўз бо сохторҳои тандурустии кишвар барномаҳои мухталифи иттилоотию маърифтӣ , ҳамоишҳо, машваратҳо, рекламаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳоро дар ин мавзуъ ташкил менамояд.
Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд ин беморӣ табобат нашаванда аст, аммо он идорашаванда буда, ҳоло дар тамоми ҷаҳон роҳҳои табобати он ҷустуҷў шуда истода, якчанд роҳҳои табобат аз тарафи олимону духтурони ҷаҳон кўшиш ба харҷ дода шуда истодааст.
Аз ҷумла: соли 2017 дар Африка ваксинаи Johnson & Johnson гузаронида шуд, ки маҳсулнокиаш зиёда аз 25 %-ро ташкил додаааст.
Соли 2019 духтури Донишгоҳи Кембриҷ Равиндра Гипта шахсеро, ки ба бемории СПИД гирифтор шуда буд, бо роҳи “пересадка костного мозга” табобат намуданд. Се сол қабл ба ў аввал ҳуҷайраҳои одами мутатсияи генетикӣ ССR5 delta 32 - доштаро гузаронида буданд. Натиҷаи ана ҳамин буд, ки ў бе терапияи антивирусӣ табобат ёфт. Ў мегўяд: “Ин дуюмин шахсест, ки бо ин роҳ соли 2007 шаҳрванди Берлинро аз ВИЧ табобат намудааст”.
Соли 2016 духтурони Донишгоҳи миллии Бритониёӣ оид ба шифоёбии як нафар бемори ВИЧ бо роҳи иммунотерапевтӣ ҳисобот додаанд.
Гурўҳи олимони Донишгоҳи Рокфеллери иолоти Ню-Йорки Америка бо роҳбарии Мишел Нуссенсвейг маводи дорувориро коркард намуданд, ки он аз ду антитела иборат буда, ҳоло дар омўзиш аст, агар натиҷаҳои хуб ба даст орад, ба истеҳсолот ворид менамоянд.
Аз аввали соли равон фирмаи “Moderna”-и Америка технологияи нави коркарди ваксина оид ба зукоми мавсимӣ, бемории коронавирус ва СПИД-ро гузаронида истода, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Хотиррасон бояд кард, ки ин ваксина “фишка - микроРНК - препарат”дар дохили организм бо ҳуҷайраҳои худи бемор ба ин беморӣ мубориза мебарад.
Умедворем, ваксинаҳои зарурӣ оид ба ин бемориҳои сироятии вабои аср ҳарчи зудтар аз тарафи олимону духтурони соҳаҳои гуногуни тибб коркарди худро ёбад ва ин беморон низ дар қатори одамони солим бо рўҳи болидаю хотири ҷамъ умр ба сар баранд.
Т. РАҲМОНОВА,
омўзгори коллеҷи тиббии
ноҳияи Б. ҒАФУРОВ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр