Нашрияи Омӯзгор

Инсон дар меҳвари рушди табиат ва ҷомеа

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳои биология ба масъалаи робитаи инсон бо табиат, нақшу таъсири он ба рушди ҳаёти ҷомеа (иқтисод, иҷтимоъ, саноат, соҳаи кишоварзӣ) таваҷҷуҳи амиқ зоҳир бояд кард. Тавре маълум аст, дар робита бо марҳалаҳои такомулу таҳаввули организми инсон, он тадриҷан дорои ҳаракати муназзам ва нутқ гардид. Ақлу шуур аз омилҳое ба шумор мерафт, ки инсонро аз олами ҳайвонот ҷудо намуд. Инсони аввалин баҳри дарёфти ғизо ҳаракату амалҳои бошуурона анҷом дода, бо таъсири омилҳои табиӣ (сардию боришот ва ғ.) ба бунёди манзилҳои истиқоматӣ шуруъ кард. Хуллас, бо гузашти солҳо ва тағйироту дигаргуниҳои азиме, ки дар табиат ба амал омад,  майнаи сари инсон хеле ташаккул ёфт, қобилияти меҳнатӣ ва робитаи ахбории вай бо олами атроф тақвияту такмил ёфт. Дар ин бобат, агар ба зинаҳои ташаккули организми инсон ва фаъолиятҳои аввалини вай таваҷҷуҳ кунем, мушоҳида мешавад, ки муҳит ва зиндагӣ баҳри ба амалҳои созандаю ободкорона рў овардани одам замина ба вуҷуд овардааст. Маҳз мавҷудоти дигари рўйи замин (зинда ва ғайризинда) ба инсон ҷиҳати амалисозии мақсадҳои гуногунаш имконият фароҳам оварданд. Инсон дигар танҳо ба ҳифзи худу ҷонаш нашуда, дар фикри истифодаи манбаъҳои табиӣ гардид. Истифодаи энергияи офтоб, сарватҳои зеризаминӣ, коркарди маҳсулоту маводи табиӣ бо мақсади сохтану офаридани ашёву маснуоти  фоидабахши саноатӣ барои истифода дар зиндагии рўзмарра ба ў сарчашмаи муҳим гардид. Ин ҳама ба он мусоидат намуд, ки инсон захираҳои нодиру бешумори табиӣ, манбаъҳои обӣ, ҷангалу дарахтон, кўҳҳо ва олами  ҳайвонотро аз худ кунад ва ҷомеаро тараққию рушд бахшад. Аз худ ва корам намудани заминҳо бо мақсади рушду пешрафти кишоварзӣ, металлгудозӣ (саноатӣ), равнақу ривоҷ бахшидани иқтисодиёт аз гиёҳу гулҳо тайёр намудани доруворӣ ва ба ин васила, тараққӣ додани соҳаи тиб, истифодаи неруи офтобу об баҳри сохтмони неругоҳҳои барқӣ ва амсоли инҳо ба тафаккури пешрафта, донишу ҷаҳонбинии  мукаммали инсон вобастагӣ дорад. Аз сўйи дигар, инсон марҳала ба марҳала ба истифодаи техникаю дастгоҳҳои мураккаб, тараққӣ бахшидани саноати мошинсозӣ, авиатсия, сохтмони роҳҳои оҳан ва бо мақсадҳои ҳифзи кишвар, аз худ кардани энергияи ҳастаӣ (ядроӣ) ноил гардид. Олимон тахмин мекунанд, ки дар  давраи ибтидоӣ ҳар 500 га замин танҳо як нафарро мехўронд. Дар замони ҳозира аз ҳисоби механиконидани соҳаи кишоварзӣ 500 га замин метавонад аз 3 то 5-5,5 ҳазор одамро хўронад. Аммо як омили дигарро набояд сарфи назар кард, ки одам дар табиат худ танҳо умр ба сар намебарад ва инкишофи табиату ҷамъият аз амалу ҳаракати манфиатбахши ў вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, ин масъала ба муносибати инсон ба иқлим (обу ҳаво), олами ҳайвонот, истифодаи огоҳмандона ва бошуурона аз сарватҳои зеризаминӣ, манбаъҳои обӣ ва монанди инҳо марбут мебошад.

Зуҳро Бачагариева,

омўзгори биологияи

МТМУ №72, ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш