Нашрияи Омӯзгор

Дурахши «Ситора»

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Муассисаи томактабии «СИТОРА»-и назди Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ яке аз калонтарин кўдакистонҳои ғайридавлатӣ дар минтақаи Кўлоб ба шумор меравад. Чунонки мудири кўдакистон Хатича Даминзода иброз дошт, дар ин муассиса бештар аз 150 нафар фарзанди омўзгорони донишгоҳ ва коргарону хизматчиёни давлатӣ дар 5 гурўҳ бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бинои муассиса солҳои навадуми асри гузашта сохта шуда бошад ҳам, бо дастгирии маъмурияти ДДК ва талошҳои мудири боғча азнавсозӣ шуда, ба муассисаи томактабии «СИТОРА» табдил дода шуд. Бо иқдоми Хатича Даминзода, ки панҷ сол боз ҳамчун мураббия ва мудири кўдакистон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ машғул мебошад, дар як муҳлати кўтоҳ пешравиҳои назаррасро дар муассиса мушоҳида кардан мумкин аст. Фаъолияти муассиса бо маблағгузории падару модарони кўдакону наврасон ва ҳамкориҳои самаровар бо соҳибкорону шахсони саховатпеша хуб ба роҳ монда шудааст. Тавре ки мудири кўдакистон мегўяд: - Дар кўдакистон кўдакони синни аз 2 то 7-сола бо роҳхати ректори доншгоҳ қабул карда мешаванд. Таълиму тарбия, истироҳат, ҷойи бозӣ ва хоби кўдакон ба талаботи рўз ҷавобгў мебошад. Бояд зикр намуд, ки сол то сол саҳми маъмурияти донишгоҳ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дараҷаи донишандўзии кўдакону наврасон беҳтару хубтар шуда истодааст. Дар кўдакистон 22 нафар мутахассиси соҳибмаълумот ва 2 нафар омўзгори фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият мекунанд. Дар ду гурўҳи калони мактабӣ омўзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст ва ба кўдакон устодони донишгоҳ Клара Джумаевна ва Таҳмина Сироҷова таълим медиҳанд. Дар боғча маҳфилҳои рассомӣ, рақсу мусиқӣ мунтазам фаъолият мекунанд. Маҳз заҳмати ҳамарўзаи кормандони кўдакистон аст, ки тарбиятгирандагони он дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва донишгоҳӣ баромад намуда, бо ифтихорнамаҳо сарфароз мегарданд. Ҳамасола базаи моддӣ-техники кўдакистон аз ҳисоби маблағгузории донишгоҳ беҳтар гардида, ҷойи машғулиятгузаронии кўдакон бо бозичаву адабиёти бачагона оро дода шуда, мураббиён ҳар як машғулияти худро бо воситаҳои аёнӣ мегузаронанд. Ба мақсади тарғиби таҷрибаи пешқадами ғолиби озмуни «Мураббии сол»-и шаҳр Малоҳат Абдуллоева ҳамасола дар кўдакистон дар байни муассисаҳои томактабии шаҳр семинару машваратҳо гузаронида мешавад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш