Тарбияи насли ояндасози ҷомеа аз вазифаҳоест, ки имрўз дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин замина рисолати тамоми қишрҳои ҷомеа дар он аст, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Замони ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, дар кишвар насле ба воя расонида шавад, ки бо тафаккури пешрафта ва донишу ҷаҳонбинии васеъ дар ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ саъю талош дошта бошад.
Мафҳуми тарбия фароху доманадор аст ва онро набояд аз зовияи маҳдуди одобу ахлоқ ва рафтор баҳогузорӣ намуд. Тарбия дониш, рафтори намунавӣ, таъсиргузориву масъулиятпазирӣ ва мустақилияти шахсро дар ҳалли масоилу арзишҳои миллӣ дар бар мегирад. Устоди ахлоқ Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон
нагирифт,
Агар ба чашмаи Хуршед сар кашад,
худрўст.
Дарвоқеъ, масъалаи тарбия дар осори гаронарзиши илмию адабии донишмандону мутафаккирон мавқеи барҷаста дорад. Омўзиш ва таҳлилу баррасии ин осор ба муаррифӣ ва шинохти амиқу ҳаматарафаи ин шахсиятҳо мусоидат мекунад. Китоби нави «Офтоби тарбият» (Душанбе: Маориф, 2021. – 352 с.), ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби адиби шинохта Абдурауф Муродӣ, муҳаққиқ Фирўза Худойдодова ва рўзноманигор Сайфиддин Суннатӣ таҳия ва мураттаб гардидааст, омўзандаву маърифатафзо мебошад. Ин китоб намунаи шинохт ва муаррифии чеҳраҳои фарҳангиву сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар меҳвари ин навиштаҳо тарбияи инсони комил, ки дорои хислатҳои ҳамида ва донишу ҷаҳонбинии васеъ мебошад, қарор дорад. Китоб бо муқаддимаи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов бо номи «Давлат ва тарбия» оғоз меёбад. Таҳлилҳои сиёсатшиноси варзида дар заминаи омўзиши фарогири осори муҳаққиқони хориҷӣ ва гуфтаҳои ҳикматбори Пешвои миллат сурат гирифтааст. Муҳаққиқ мафҳуми тарбиятро дар рушди давлатдорӣ таҳлил намуда, менигорад: «Маънии марказонидаи давлат – таъмини амнияти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ин мафҳумҳо бо мактаб, маориф, ҷаҳонбинӣ ва маънавияти ҷомеа робитаи мустақим дорад. Одамон ҳама вақт дар сохти ҷамъиятие зиндагӣ мекунанд, умр ба сар мебаранд, ки дар натиҷаи тарбия ва таълим ба он расидаанд». Ҳамин гуна, муаллиф зина ба зина мафҳуми тарбия ва давлатро тафсиру тавзеҳ бахшида, андешаҳои бикру омўзанда пешниҳод кардааст. Шинохти мафҳуми тарбия аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, файласуфон Аристотел, Гелветсий ва дигар мутафаккирони сатҳи ҷаҳонӣ басо омўзандааст.
Профессор С. Ятимов суханҳои ҳикматбори Пешвои миллатро мавриди таҳлил амиқ қарор дода, нуктаҳоеро овардааст, ки ба шинохти бештари масоили хештаншиносӣ ва тарбияи насли наврас дар ин ҷода мусоидат мекунанд. Воқеан, Пешвои миллат дар масъалаи тарбия вазифаи пурмасъулиятро назди аҳли ҷомеа мегузоранд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тўфони офатбори ҷанги гаржданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир, як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагонамон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастоварҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад».
Суханони дурандешонаи Пешвои милат дар масъалаи худшиносии миллӣ ва омўзиши осори гаронбаҳои таърихиву илмӣ ва бадеии фарҳангии гузаштагон аҳамияти бузург доранд. Ин нуктаро С. Ятимов дар мисоли асарҳои Аристотел низ басо хуб таҳлил кардаву мавқеи тарбиятро дар раванди давлатдориву давлатсозӣ муҳим арзёбӣ кардааст: «Дар он давлатҳое, ки ба ин масъала (тарбия – С. Я.) беэътиноӣ мекунанд, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, барои ҳар як сохти давлатдорӣ – тарбияи ба он мувофиқ аз вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ҳар як сохти давлатдорӣ бо хосияти алоҳидаи худ аз дигараш фарқ мекунад. Он чизе, ки ба тарзи маъмулӣ барои ҳимояи ин сохти давлатдорӣ хизмат мекунад ва онро аз аввал муайян месозад, тарбия аст». Воқеан ҳам, танҳо пешгуфтори асари мазкур ҳамчун рисолаи алоҳида хеле хубу возеҳу равшан мафҳуми давлат ва тарбиятро барои хонанда бозгўйӣ кардааст, ки аз нигоҳи илмӣ ва баҳогузорӣ нав мебошад ва барои аҳли илму фарҳанг ҳамчун дастури беминнат хидмат карда метавонад.
Сипас, мақолаҳои илмию таҳлилии донишмандони тоҷик, ки ҳар яке паҳлуҳои гуногуни эҷоди нобиғагону сиёсатмадорони тоҷикро барои хонанда бозтоб намудаанд, оварда шудаанд. Дар маҷмўъ, дар китоб 27 мақола ҷой дода шудааст. Дар мақолаи номзади илми фалсафа Сайфулло Сафаров «Пешвои миллат – намунаи шахсияти миллӣ» раванди тарбия намудани ҷомеа дар заминаи қонунҳо, ки дар замони истиқлол бо талошу пайкор ва фаъолияти доманадори Пешвои миллат ба вуҷуд омадаанд, мактаби давлатдорӣ ва ташаккули шахсияти иҷтимоию сиёсии Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори давлатмеҳвар ва ватанпарвар, хидматҳои мондагори Сарвари давлат ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва қаҳрамони миллат бозтоб гардидааст. Муаллиф дар ин мақола раванди бунёдкориҳо ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ва дар ин замина, тамоми паҳлуҳои фаъолияти ибратомўзи Пешвои миллатро таҷассум кардааст. Ба таъкиди муаллиф, «Шахсияти Пешвои миллат, бо ҳама мураккабиҳояш, зебоиҳояш, хирадмандиҳояш, ки дар ин мақола имконоти шарҳи васеъ додани онҳоро надорем, мардумӣ буда, дар деги ҳаёти ин миллат бо камиву костӣ, бо пешрафту дастовардҳояш ҷўшида, ба сатҳи миллӣ расидааст ва метавонад дар қатори пешвоёни маънавию фарҳангӣ, қаҳрамонҳои ватанпарвару меъморони ин миллати куҳанбунёд ҷой ва мақоми хешро дошта бошад ва барои наслҳои оянда ҳамчун як намунаи барҷастаи шахсиятҳои миллӣ боқӣ монад».
Дар мақолаи «Озодмард – инсони шоиста аз нигоҳи устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ», ки ба қалами адиб ва муҳаққиқ Қодири Рустам тааллуқ дорад, ба гунаи хеле васеъ масъалаи шахсияти озодмардро дар ашъори устод Рўдакӣ таҳлил намудааст. Таҳлилҳои муҳаққиқ зина ба зина сурат гирифтаанд ва хеле ҷолиб мебошанд. Дар оғоз вобаста ба сохти давлатдории замони Сомониён ва мавқеи Одамушшуаро дар он низом нишон дода шуда, зимнан масоили хирадмандию донишмандӣ, адолат, ахлоқи ҳамида, шуҷоат, ки бевосита мафҳуми озодмардиро бозгўйӣ мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Нигоҳи ин донишманди тоҷик ба масъала фарогир буда, таъкид мешавад, ки тамоми мавзуъҳои ашъори устод Рўдакӣ ба мафҳуми озодмардӣ такя мекунанд. Ба таъбири муаллиф, «Мавзуи дигаре, ки дар иртибот бо тавсифи Инсони шоиста ва ё озодмард дар ашъори устод Рўдакӣ гуфтанист ва то ҳадде метавон онро ба саховат низ марбут донист, дар баробари худ хўрдан ва бо дигар низ пахш кардани ғизо аст. Ин мазмун дар андаке аз ашъори бозмонда аз Рўдакӣ он қадар фаровон аст, ки бидуни тардид онро метавон аз мавзуоти меҳварии ашъори устод донист. Барои он ки сухан дароз нашавад, танҳо ду намуна меоварем:
Некбахт он касе, ки доду бихўрд,
Шўрбахт он ки нахўрду надод.
***
Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд
пушаймон,
Ҳар ки бихўрду бидод аз он чи
биялфахт.
Хулосаи муҳақкиқ он аст, ки устод Рўдакӣ дар ашъори пурмуҳтавои худ ғояву консепсияи инсони комилро пешниҳод кардааст.
Дар китоб доир ба мавзуи арзишҳои ахлоқӣ дар ашъори Мавлоно низ андешаҳои ҷолиб баён шудааст. Мақолаи номзади илмҳои филологӣ, устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ Саидолим Комилҷон Саидмирзо бо номи «Арзишҳои ахлоқӣ дар «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» ҷолибу хонданӣ мебошад. Дар ин мақола муҳаққиқ кўшидааст рисолати инсонсозиву инсонпарварии Мавлоноро бо таҳлили ашъори омўзандаи ў баён созад. Дар ин навишта паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Мавлоно ва маҳорати шоирии ў таҳлил гардидааст. Аз ҷумла, муҳаққиқ менигорад: «Мавлоно зимни баёни андешаҳояш аз арзишҳои ахлоқиву маънавии тамаддунҳои гузашта ва ривоёти бузургони илму адаб низ илҳом гирифтааст, ки хонанда онро зимни мутолиа эҳсос менамояд. Аз ҷумла, дар фазилати ақл, ки яке аз муҳимтарин васила ва неъматҳои гаронмоя дар идора кардани нафс аст, мегўяд:
Эй хунук чашме, ки ақласташ амир,
Оқибатбин бошаду ҳабру қарир.
Ақли ман ганҷасту ман вайронаам,
Ганҷ агар пайдо кунам, девонаам…
Ҳамин тариқ, дар китоб навиштаҳои муҳтавоманди «Андарзҳои ахлоқии Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит», «Таълимоти ахлоқи инсонӣ дар осори Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ», «Некиву накукорӣ аз нигоҳи Абулқосим Фирдавсӣ», «Тарбияи маънавӣ ва ахлоқии насли наврас дар осори Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино», «Неруи тарбиявии пандҳои Луқмони Ҳаким», «Афкори панду ахлоқии Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома», «Андешаҳои тарбиявию ахлоқии Ҳаким Саноӣ дар маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа ва шариат-ут-тариқа», «Одамият аз нигоҳи Шайх Саъдии Шерозӣ», «Шариф Муҳаммад Мансур Муборакшоҳ – тараннумгари илму дониш ва инсондўстӣ», «Тарбияи тифл аз дидгоҳи Насриддини Тўсӣ», «Ситоиши ахлоқи ҳамида дар осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Панду ахлоқ дар қасоиди Салмони Соваҷӣ», «Афкори иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва тарбиятии Камоли Хуҷандӣ», «Панду андарз дар достони «Юсуфу Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ», «Соиби Табрезӣ – муаллими ахлоқ», «Мартабаи инсони комил дар ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил», «Тарбияи ахлоқӣ аз нигоҳи Аҳмади Дониш», «Тарбияи инсони комил – нахустҳадафи осори Муҳаммад Иқбол», «Афкори тарбиявӣ ва ахлоқии устод Садриддин Айнӣ», «Академик Бобоҷон Ғафуров – шахсияти дурандеши миллат», «Масъалаҳои тарбиявии ахлоқӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода», «Тарбияи ватандўстии ҷавонон дар мисоли зиндагиномаи Нусратулло Махсум» ва «Саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди таълиму тарбия» ҷой гирифтааст, ки ҳар яке бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад ва андешаҳои ҷолиб таҳлил шудаанд.
Китоб бо ороиши зебо ва сифати баланд ба чоп расидааст ва барои аҳли илму фарҳанг аз чанд ҷиҳат омўзанда мебошад.
Якум, дар ин китоб бори нахуст ба осор ва суханҳои тарбиявии сиёсатмадорону адибони тоҷик муроҷиат шудааст ва таҳлилу гузориши ҳар як навишта бо дидгоҳ ва зовияҳои мухталиф сурат гирифтааст.
Дуюм, таҳлилҳои муҳаққиқон дар заминаи консепсияи илмии тарбия ҷараён ёфтааст ва методу методологияи пажўҳиш риоя шудааст.
Сеюм, забони навиштаҳо содаву равон мебошад.
Чорум, омўзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ дар раванди дарсҳои тарбиявӣ метавонанд мавзуъҳои ин китобро мавриди истифода қарор бидиҳанд. Шоистаи таъкид аст, ки ин навишаҳо, бахусус, ба тарбияи наврасону ҷавонон бахшида шудаанд.
Китоби «Офтоби тарбият», ки дар заминаи осори адибону олимон таълиф гардидааст ва ҳамаи навиштаҳои он марбут ба масоили тарбиявӣ мебошанд, барои аҳли ҷомеа муфиду судманд аст.
Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология
Иловакунӣ
Иловакунии фикр