Нашрияи Омӯзгор

Фидоии роҳи санъат

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 151        Шарҳ: 0

 

Сафаралӣ Сатторов нахустин муаллифи «Алифбои мусиқӣ» аст, ки ба хонандагони хурдсол ҳарфи мусиқӣ меомўзад.  Таърихи иншои он ҳам хеле рангину аҷиб аст.

С.Сатторов мегўяд:

Фикри навиштани чунин китоб ҳангоми таълиму тадриси дарсҳои мусиқӣ дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 36 ва 41-и ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло  Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе (солҳои 1973-1983) ба сарам омада буд.  Ҳамчун муаллими ҷавону эҷодкор рўзе ба худ суол  кардам: «Чаро забони модарии мо китоби «Алифбо» дораду мусиқӣ, ки дорои аломатҳои хоси худ  аст, «Алифбо» надошта бошад?»

Рўзе аз саҳифаи рўзномаи «Адабиёт ва санъат» шеъри бачагонае  бо номи «Алифбои мусиқӣ» бар матни шоири шинохтаи тоҷик Наримон Бақозода ба чашмам афтид:

Номи ҳарфи «Алифбо»

А,  Б,  В,  Г,  Д,  Е,  Ё.

Номи ҳарфи мусиқӣ

До, Ре, Ми, Фа, Сол, Ля, Си.

Ин сатрҳоро хонда, хеле шод шудам, ки мусиқӣ ҳам «Алифбо» доштааст. Шеър  маъқулам афтод ва аз он илҳом гирифта, бо номгўи ҳар як нотаи мусиқӣ шеъре эҷод кардам, ки он дорои чунин матн аст:

«До» ҳарфи аввалин аст,

Аммо чи таҳнишин аст,

Бар ҳарфҳои дигар

Чун зинаи заррин аст…

Ва ҳамин гуна бо номгўи нотаҳои ре, ми, фа, сол, ля, си ҳам шеър эҷод кардам.

Дар ин давра ман бо бахши эстетикаи Пажўҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон (Пажўҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон) ҳамкории зич доштам. Бо дастгирии мудири ин бахш, профессор Юля Николаевна Хижняк таҷрибаи кориам таҳти омўзиш қарор гирифта буд. Рўзе дар аснои ин таҷрибаомўзӣ профессор Ю.Н.Хижняк аз иқдоми навиштани китоби «Алифбои мусиқӣ» хабардор шуда, табрикам кард. Дар бахши эстетикаи пажўҳишгоҳ композитори шинохтаи тоҷик Ҷўрабой Охунов ба ҳайси муҳаррири мусиқии китобҳои дарсӣ ҳамкорӣ доштанд. Бо он кас маслиҳат кардам, ки китоби дарсиро барои синфҳои 1-ум бо номи «Алифбои мусиқӣ» нависем. Ҷўрабой Охунов пешниҳод карданд, ки бо мудири кафедраи тарбияи мусиқии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Муҳаммадҷон Яҳёев ҳамсуҳбат шавем. Ҳамин тавр, аввалин китоби «Алифбои мусиқӣ» дар тўли шаш соли пас аз таҷрибаи ман (соли 2005) бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 150000 нусха аз чоп баромад».

Маврид ба ёдоварист, ки китоби «Алифбои мусиқӣ» пас аз таҳияаш дар мактабҳои миёнаи  №36,  41,  23 ва 31-и шаҳри Душанбе дар синфҳои 1-ум бомуваффақият аз санҷиш гузашта, натиҷаи санҷиш аз тарафи олимону кормандони соҳаи маориф мусбат арзёбӣ гардид.

Баъди омўхтани таҷрибаи таълиму тарбияи мусиқии кўдакони синфҳои ибтидоӣ ва бо методҳои нав ба роҳ мондани дарсҳо дарсҳои Сафаралӣ Сатторов хеле шавқовару хотирмон мегузаштанд.

- Дар раванди дарсҳо аз усулҳои нав, амсоли: «Навозиш дар созҳои мусиқии зарбии кўдакона», бозиҳои «Ребус-чистонҳои мусиқӣ», «Майдони муъҷизот», «Кӣ тезтар меёбад?», «Давомашро эҷод намо» ва ғайраҳоро истифода менамудам, – мегўяд устод. Синфхонаи мусиқӣ ба таври кафедра (зина ба зина) ташкил карда шуд, ки дар он парта набуд. Дар синфхона таҷҳизоти зерин: тахтаи синфии тахтаи барқӣ, ки ба воситаи батареяҳо кор мекард, сози фортепиано, дастуру аёниятҳо, созҳои миллӣ ва расмҳои композиторон мавҷуд буданд. Ҳангоми дарс хонандагон дар зинаҳо, дар қаторҳои болою поён нишаста ва баъзан рост истода, дарсҳоро аз худ менамуданд. Ин тарзи баргузории дарс барои онҳо хеле қулай ва шавқовар буд. Сурудҳо низ ба зудӣ омўхта ва аз бар карда мешуданд. Ин методро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия композитори шинохтаи рус, омўзгор ва ходими намоёни илмӣ, муаллифи чандин барномаҳои дарсии мусиқӣ барои мактабҳои миёнаи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Дмитрий Борисович Кабалевский истифода менамуд ва он самараи хуб ҳам дода буд. Ман низ бо такя ба методҳои ин омўзгори пурсамар фаъолияти омўзгории худро пеш мебурдам.

Сафаралӣ Сатторов дилбастаи кори худ ва кўдакони хурдсол буд. Ў асло аз мактабу маориф дил канда наметавонист, зеро бо меҳнати ҳалол дар оилаи деҳқони одӣ ба камол мерасид. Падари Сафаралӣ – Бобои Исо дар деҳаи Қаротоғи ноҳияи Шаҳринави водии Ҳисор бо кори деҳқонӣ машғул буд ва писараш низ дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, заҳматқаринӣ ба воя расид. Бобои Исо доимо ба фарзанди хеш ин нуктаро таъкид мекард. «Одам кореро, ки оғоз намояд, бояд онро аз таҳти дил иҷро карда, ҳатман ба охир расонад…». 

Вале чун роҳи таълиму тарбия беохир аст, омўзгори ҷавон кўшиш мекард, ки роҳи беҳтарини расидан ба дили кўдаконро пайдо намояд.

С. Сатторов  солҳои мактабхонӣ ба сурудсароӣ ва навозиши созҳои мусиқӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт. Ҳангоми таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 ба рубоб месароид, дар чорабиниҳои мактабӣ ҳунарнамоӣ мекард ва писанди ҳамагон буд. Мактаби мазкурро хатм намуда, ба омўзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (ҳоло  коллеҷи санъати ба номи П.Бўйдоқови ноҳияи Рўдакӣ) дохил шуд. Соли 1970 пас аз хатми омўзишгоҳ бо роҳхати Вазорати маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ўро ба Театри халқии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент фиристоданд. Дар театри мазкур дар вазифаи роҳбари бадеӣ  ба кор шурўъ кард. Баъдтар  ба сифати директори Хонаи маданияти №2-и Ҷамоати деҳоти Колхозчиёни шаҳри Панҷакент ба кор фиристода  шуд.

Пас аз се соли фаъолият боз ба шаҳри Душанбе кўчида омада, ба мактаби миёнаи №36-и ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло  Шоҳмансур) ба ҳайси муаллими мусиқӣ ва роҳбари дастаи ҳаваскорони санъат ба кор шуруъ кард.

Кори омўзгорӣ С.Сатторовро пурра ба худ ҷалб намуда, ба сўи муваффақиятҳои нав ба нави эҷодӣ раҳнамун месохт. Ў акнун худро саропо ба роҳи таълиму тарбияи мусиқии хонандагон бахшида, ҳамеша роҳи нави таълиму тарбияи онҳоро ҷустуҷў мекард, то меҳру муҳаббати мусиқиро дар замири шогирдонаш ҷой карда тавонад.

Роҳи  қалбҳои поку беолоиши кўдакон ўро ҳамеша ба худ ҷалб менамуд, зеро вай кўдакон ва касби худро бениҳоят дўст медошт. Чун диданд, ки мутахассиси ҷавон дар ҳақиқат касби худро дўст медораду меҳру муҳаббати ин касбро дар дили кўдакону наврасон ҷой доданист, барояш синфхонаи алоҳида ҷудо карданд. Бо кумаку дастгирии роҳбари собиқи мактаб  Ғ. Раҳматуллоев ва ҳамфикрону ҳамкорон Сафаралӣ Сатторов дар муддати хеле кўтоҳ ин синфхонаро бо сози мусиқии фортепиано ва тамоми васоити зарурии таълимии фанни мусиқӣ таҷҳизонид. Шогирдон дарсҳои устодашонро хуш пазируфта,  вазифаҳои супоридаашро бо масъулияти баланд иҷро мекарданд.  Дар бораи кору фаъолияти муваффақонааш дар рўзномаҳои даврӣ ва васоити ахбори омма маводҳо чоп кардаву намоишҳо омода мекарданд.

Устод Сафаралӣ Сатторов дар ин мактаб панҷ маҳфили худфаъолиятӣ ташкил намуд, ки шумораи иштирокчиёнаш аз 100 нафар бештар буданд. 

Муаллим Сатторов бо аъзои маҳфили «Хори умумӣ»-и мактаб дар як ҳафта ду бор машғулият баргузор менамуд ва он ҳар моҳ тавассути идораи бачагонаи телевизиони марказӣ баромад мекард. Ин амал шавқу ҳаваси мактаббачаҳоро нисбат ба маҳфилҳо боз ҳам афзун менамуд ва онҳо бо самимияти хосса дар машғулиятҳои доирнамудаи устодашон иштирок карда, суруду таронаҳои нав ба навро аз худ менамуданд ва ба самъи шунавандагони тоҷик мерасониданд.

Ў нахустин муаллими мусиқист, ки нақшаи эҷоди «Алифбои мусиқӣ»-ро кашида,  қадам ба роҳи эҷоди ин китоб ниҳода, онро таҳия намуда, аз чоп баровардааст.

Барои хизматҳои шоёнаш устод бо  нишонҳои «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1983) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018) сарфароз гардидааст.

Устод имрўзҳо ҳам бекор нест. Замоне ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи кории таҷдиди Стандарт, Барнома ва  китобҳои дарсии фанни «Суруд ва мусиқӣ» барои синфҳои таҳсилоти ибтидоӣ ташкил карда шуд, ў низ чун мутахассиси варзида ба кори ин гурўҳ шомил гардид.

Ба наздикӣ ўро ба МТМУ №65-и ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайси омўзгори мусиқӣ ба кор даъват намуданд.  Айни замон он ҷо фаъолияти илмиву эҷодиашро идома дода истодааст.

Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,

мудири кафедраи  санъатшиносӣ

ва назарияи мусиқии ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш