Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ин ҷо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кўдакон ба марказҳои инкишофи кўдак тадриҷан меафзояд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 7 адад ва як филиал дар Ҷамоати деҳоти Меҳвар расидааст.
Фарогирию таълим ва тарбияи томактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ наздики 1000 нафар кўдаконро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 36 гурўҳи марказҳои инкишофи кўдак ташкил карда шудааст, ки ҳар сол 770-800 нафар кўдакони синну соли томактабӣ ба таҳсил омода карда мешаванд.
Ба иттилои мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Зуҳро Салоҳиддинова, соли таҳсили 2021-2022 1593 нафар кўдакони синну соли томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли равон қариб ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо таҷҳизоту маводҳои таълимӣ, курсиҳо, қолинҳо, ҷевону анҷомҳои ошхона таъмин карда шуданд. Дар муассисаҳои таълимии томактабии рақамҳои 3,4, 6 камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
Давра ба давра ҳамаи мураббияҳои боғчаҳо аз курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос мегузаранд ва дар охири ҳар соли таҳсил озмуни «Беҳтарин кўдакистони сол» баргузор мешавад.
Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ гирифтем, соли 2022 дар маркази ноҳия боз як муассисаи таълимии томактабӣ бунёд мегардад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр