Нашрияи Омӯзгор

Талабот зиёду...

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Ҷайҳун ду муассисаи давлатии таълимии томактабӣ фаъолият менамояд, ки ҳанўз солҳои 80-уми асри гузашта бунёд ёфтаанд. Ба иттиллои мудири боғчаи «Фирўза»  Зулфия Сангова, дар муассиса 120 нафар кўдакони 2-6 - сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар 6 гурўҳ мураббияҳо ба кўдакон машғулиятҳои шавқовар мегузаронанд.

Дар муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами №2 дар маҳфилҳои “Расмкашӣ” , “Суруд ва мусиқӣ” , “Шиносоӣ бо муҳити зист”, “Гулпарварӣ”, “Табиатро меомўзем” ва “Суробсозӣ” амал мекунад. Ҳар сол муассиса аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва кумитаи Ассотсиатсияи падару модарон аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд.

Барои истироҳати хубу бофароғати кўдакон дар муассиса сохтмони ҳавзи калони оббозӣ идома дорад. Мутаассифона, аз сабаби нарасидани омўзгорону мутахассисон маҳфилҳои омўзиши забони англисӣ ва русӣ гузаронида намешаванд.

Дар муассисаи давлатии рақами 1 (мудираш Гулрухсор Сафарова) 120 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Барои таълиму тарбияи кўдакон шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд.

Шумораи аҳолии маркази ноҳия (шаҳраки Дўстӣ) наздики 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Талабот ба муассисаҳои томактабӣ сол аз сол меафзояд. Мутаассифона, дар давоми се даҳсолаи  охир дар ноҳия ягон муассисаи таълимии томактабӣ сохта нашудааст.

Аъзам БОБОЕВ,

рўзноманигор 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш