Нашрияи Омӯзгор

Фурўғафзои ҷодаи маърифат

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 97        Шарҳ: 0

 

Зиндагиномаи инсони наҷиб, устоди арҷманд ва марди ҳалиму хоксор Темур Замонов боғи ҳамешасабзро мемонад. Заҳматҳои устод Темур Замонов дар боғи Ватан ва миллати тоҷик ҳосили фаровоне ба бор овардааст. Сарнавишт ва роҳи паймудаи устод Темур Замонов саропо мактаби ҳикмату ибрат аст. Устод Темур Замонов соли  1944 дар рустои Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро хатм кардааст ва тамоми неруи хешро баҳри таълиму тарбияи фарзандони халқ бахшидааст. Устод дар худ тамкини замин ва виқори кўҳро таҷассум мекунад. Ба камина насиб гардидааст, ки аз устод сабақ омўзам. Ба мо аз забон ва адабиёти рус дарс медод. Тарзи баён ва услуби омўзгории ҷолиб дошт. Ҳама синф гўшу ҳуш гардида, ба устод рўй меовардем. Ҳамчун омўзгори асил сахтгиру меҳрубон буд. Устод ҳар бор аз касби интихобнамудаи хеш қаноатманд ҳарф зада ва бо ифтихор аз шуғли муаллимӣ меболад. Пиру барнои деҳ устод Темур Замоновро бо эҳтироми хоса «устод»,- гўён ҳурмат намудаву арҷ мегузорад. Устод давлати пирӣ меронад ва аз сулҳу суботи Ватан шукрона мекунад.

 

Кайҳони СУФӢ,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш