Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои наврӯзшиносӣ

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлилу шукӯҳи Наврӯз сол ба сол меафзояд ва омӯзишу пажӯҳиши ҷанбаҳои мухталифи ин ҷашн равнақ меёбад. Аз байни ҷумҳуриҳои ҳавзаи Наврӯз танҳо ду-се кишвар китоби библиографии манобеи Наврӯзро тартиб дода, ба табъ расонидаанд. Ин кор, хушбахтона, дар Тоҷикистон бо ҷидду ҷаҳд ва ҳисси миллатдӯстию фарҳангпарварӣ пеш меравад. 

Соли 2012 бо саъю кӯшиши Ш. Комилзода асари библиографии «Наврӯз» мураттаб гашта, аз чоп баромад. Китобномаи мазкур аз пешгуфтор, мақолаи муқаддимавӣ оид ба Наврӯзи тоҷикон ва 8 бахш иборат буда, осори марбут ба Наврӯзро, шурӯъ аз даврони Шӯравӣ то ба соли 2011 дар бар гирифтааст. Боби якуми он ба суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнҳои Наврӯз бахшида шудааст. Дар бахши дувум адабиёт оид ба Наврӯз ва наврӯзшиносӣ ба забони тоҷикӣ, дар бахшҳои баъдӣ адабиёт оид ба Наврӯз ва наврӯзшиносӣ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, инчунин ба забонҳои хориҷӣ ва манобеи электронӣ зикр гаштаанд. Бахши ҳаштумро кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва феҳристи ашхос ё муаллифон ташкил додааст. Китобнома 1894 адад асари марбут ба Наврӯз, аз ҷумла, монографияҳо, маҷмӯаҳо, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, гузоришҳои чопшуда, мақолаҳои хабарӣ ва шеърҳои наврӯзиро фаро гирифтааст.

Баъд аз як сол китобномаи дуюми осори чопшудаи марбут ба Наврӯз бо унвони  «Наврӯзнома» (Феҳристи адабиёт) мунташир гашт. Китобномаи мазкур адабиёти бахшида ба Наврӯзро, ки дар байни солҳои 2011-2013 ба табъ расидаанд, дар бар мегирад. Мураттиби он низ Ш. Комилзода буда, осоре, ки аз китоби якум берун афтода буданд, ба китоби дувум ҳамроҳ кардааст. Дар маҷмӯъ, дар ин китобнома 853 адад асари наврӯзӣ ба қайд гирифта шуда, ба феҳрист ворид гардидаанд.

Маълум мешавад, ки дар давоми ду сол шумораи китобу мақолаҳо ва асарҳои манзуми бадеии наврӯзӣ хеле афзудааст. Ин ҳам таъсири илҳомбахши ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мебошад.

Соли 2017 шумораи севуми феҳристи адабиёт бо унвони «Наврӯз» (Мураттиб Ш.Комилзода) интишор шуд. Китобномаи севум идомаи феҳристҳои қаблӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши мардум ва муаррифию тавсияи адабиёти марбут ба Наврӯз ва суннатҳои он таҳия гаштааст. Феҳрист аз пешгуфтор, 4 қисм ва кумакфеҳристҳо иборат буда, 1382 адад таълифоти илмию оммавӣ, публитсистӣ ва бадеиро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, ки дар байни солҳои 2013 – 2017 чоп шудаанд, инъикос кардааст. Ба китобномаи мазкур баъзе китобу мақолаҳои муҳими марбут ба Наврӯз, ки дар давоми солҳои 1992-2012 ба табъ расидаанд, иловатан ворид шудаанд.

Гирдоварии мавод барои тартиб додани шумораи чоруми силсилаи библиографии «Наврӯз» идома дорад. Воқеан, ҳар шахсе, ки агар ба омӯзиш ва таҳқиқи Наврӯз ва расму оинҳои марбути он камар бандад, феҳристҳои библиографии мазкур барои онҳо роҳнамои арзишманд ба шумор мераванд.

Дилшод РАҲИМОВ,

номзади илми филология,

фолклоршинос


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш