Нашрияи Омӯзгор

Фикру зикраш китоб буд

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 131        Шарҳ: 0

 

Дар радифи дабистону китобу устоду ҳаводиси рўзгор як сарчашмаи дигари маърифатафзо суҳбати дўстони хирадоину нексиришт аст. Бо аҳли зиё маҳфил оростан, аз хостаҳои дил сухан ба миён овардан ва аз падидаҳои навини илму адаб гуфтугў кардан басо муфиду ҷонпарвару гуворост. Суҳбати дўсти хушгил ва огаҳдил касро рўҳи тоза эҳдо мекунад, ҷаҳони маънавиашро вусъат мебахшад ва нишоташро меафзояд. Барҳақ, «даме пеши доно беҳ аз оламест». Ман хушбахтам, ки дўстони зиёди бамаърифату адабпарвар дораму ҳар гоҳ ки фурсат дарёфтам, ба дидорбинию суҳбаташон мешитобам, ангор, ташнаем, ки худро ба канори дарё мерасонам. Чун ба суроғи дўстон меравам, раҳораҳ ин байтро батакрор зери лаб меорам:

Дунё, ки матояш ҳама партофтанист,

Ҷуз суҳбати дўстон, ки ноёфтанист.

Тақрибан ҳар моҳ як-ду маротиба бо бародари арҷманд ва дўсти гиромиам Фарҳоди Карим дидорбинию суҳбат доштам.

Чеҳраи гарму шукуфта ва муносибати самимияш маро ҷуръат мебахшиданд, ки чанд пора вақташро ба асорат бигирам. Ўро одате буд, ки ба истиқболи ҳар шахси ба ҳузураш расида аз ҷой мехест ва чанд қадам пеш  ниҳода, оғўш боз мекард, ҳолу аҳвол мепурсид, ҷои нишаст нишон медод ва дарзамон як пиёла чой дароз мекард. Ифодаи «чӣ хизмат»-ро, ки ғолибан муродиф ба ифодаи «чаро омадӣ»-ст, ҳеҷ ба забон намеовард, балки яқин, ба хотири кушодани банди забони ҳамсуҳбаташ, сухан аз ягон навгонӣ дар олами адаб ё дар нашриёти «Адиб», ки роҳбараш буд, ба миён меовард, китоби тозанашреро мухтасар муаррифӣ мекард ва чун ҳамсуҳбаташ яхи даҳон об мекард, саропо гўшу ҳуш мешуд…

Шахси бедордил, хушҳавсала ва пурташвиш буд Фарҳоди Карим. Аз китобу китобдорӣ, аз рўзномаву маҷаллаҳо ва аз рўзгори аҳли адаб ҳарф заданро дўст медошт. Дар сумкааш ҳамеша ду-се китоби тозанашр дошту ҳар шиносашро, ки вомехўрд, бо онҳо шинос мекард. Дар ниҳоят ин китобҳоро ба дўстонаш тақдим намуда, китобҳои нави дигарро ҷои онҳо мегузошт. Аз чопи ҳар китоби тоза бағоят шод мешуд, ба ифодаи маъмул, курта-курта гўшт мегирифт. Ба чор тараф занг мезад, ки фалон китоб чоп шуд, огоҳ бошеду дарёбеду бихонед.

Дар аксар суҳбатҳояш бо ифтихор иброз медошт, ки беҳтарин ситоишномаи китобро дар саросари олам ниёи бузургу тавонои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст: «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст».

Аз он ки вобаста ба теъдоди хонандагон теъдоди нашри китоб хеле коҳиш ёфтааст, бо таассуф ҳарф мезад, вале поёни суханаш хушбоварона буд; ин як марҳилаи даргузар аст, ки вобастагӣ ба ҳаводиси айём дорад. Анқариб замоне фаро хоҳад расид, ки мардум аз нав рў ба китоб меоваранд, онро ҳамрозу дамсозу раҳнамои худ мехонанд. Ман андак-андак фарорасии ин замони китобмеҳварро ҳис мекунам…

Фарҳоди Карим зимни суҳбатҳояш, ҳамчунин, аз иқдомоти Пешвои миллат вобаста ба арҷгузории китоб бо ифтихору сипосмандӣ сухан мегуфт. Таъкид мекард, ки бо ибтикори Сарвари кишвар ҳамасола ҷудо кардани маблағи муайян барои чопи китобҳои адибон далели барҷаставу камназири фарҳангпарварию маърифатгустарист. Бунёди китобхонаи миллиро яке аз шоҳкориҳои Пешвои миллат медонист ва мегуфт, ки ман ба ин кохи муҳташами китоб чун ба Парчаму Нишони миллӣ бо ифтихор менигарам, гумонам, ки китобхонаи бузурги Сомониён «Саввонулҳикмат» пас аз сўхта шудан аз ҷониби адувони тираақлу хирадқимоб ба тозагӣ эҳё шудааст. Китобхонаи миллиро пайкараи фарҳангу хираду маърифати миллат медонист Фарҳоди Карим.

Ман бо ҳар вохўриамон бештар бовар бар он мекардам, ки ҳушу ёд ҳамеша ба китоб банд аст ин ҷавонмардро. Боре ба ман занг зада, гуфт, ки ба фалон ошхона биё, ҳар ду чой менўшем. Омадам. Ба пешхизмат ду коса шўрбо фармуду сухан аз китобҳои тозанашри «Адиб» оғоз кард. Чунон ба ситоиши ин китобҳо пардохт, ки аз оварда шудани шўрбою хунук шуданаш (ва яқин, аз гушнагии худаш низ) бехабар монд. Ду-се бор ба шўрбо ишора кардам: хунук мешавад. Мегуфт: «Фаҳмидам, ҳозир-ҳозир», вале ҳамоно тавсифи китоб мекард. Аслан, ман ба ин ҳолат кайҳо одат кардаам: бо Фарҳоди Карим на як бору ду бор хўроки сард хўрдаем … Чун бархостем, ба ў гуфтам, ки шуморо бо мошинам то ҷои коратон мебарам. Розӣ шуд. Чун ба пули дарёи Душанбе (дар кўчаи Ҳофизи Шерозӣ) наздик омадем, яке қотеъона хоҳиш кард, ки мошинро дар канори роҳ боздорам. Ноилоҷ хоҳишашро иҷро кардам. Аз мошин фуромаду ба сўи дарёи Душанбе ва ба манзараҳои соҳили он бо камоли таваҷҷуҳ назар афканд. Ба андеша рафт ва ниҳоят, зери лаб “шуд, ёфтам” гуфту ба мошин баргашт. Пурсидам: - Чиро ёфтед? Посухам дод: - Барои муқоваи китобе, ки ба чоп омода месозем, сурате мувофиқ меҷустам. Аз ин манзара (ба сўи дарёи Душанбе ишора кард) он суратро ёфтам. Чаро то имрўз аз ин ҷо бепарво гузаштаам?!

Ин дам милисаи раҳбон назди мо омада, арз кард, ки мошинро дар ҷои манъшуда боздоштаему ҳуҷҷатҳоро  пешниҳод кунем. Фарҳоди Карим аз ў пурсид, ки фарзанди китобхон дорад? Милиса бо ҳайрат ҷавоб дод, ки писараш дар синфи сеюм мехонад. Фарҳоди Карим аз сумкааш ду китобчаи бачагонаи дорои суратҳои рангаро бароварда, ба милиса тақдим кард ва гуфт: - Ба писарчаатон саломи маро расонед ва гўед, ки агар хубу аъло хонад, амакаш ба ў боз ҳам китобҳои зебою пурмазмун ҳадия хоҳад кард.

Милиса бо арзи сипос моро ҷавоб дод...

Марди бошарофате ҳам буд дўсти азизам Фарҳоди Карим. Ба шарофати ҳамнишинӣ бо ў ман ба гурўҳе аз адибони номвари кишвар – Убайд Раҷаб, Ҷумъабой Азизқулов, Холмурод Шарифов, Гулназар, Сайдалӣ Маъмур, Кароматуллоҳи Мирзо... ошноӣ  пайдо кардаву аз файзи  суҳбаташон баҳраманд гаштаанд.

Ба шарофати  ў китобҳои  зиёди  тозанашрро ба даст  овардаву мутолиа кардаам. Ба шарофати  ў аз таърихи  китобу китобдории  тоҷикон ҳикоятҳои  ҷолибу ҳикматборе бишнидаву доираи  сайри  маънавиямро ба дунёи  адаб вусъат  бахшидаам...

Чун дар бораи  ин марди  наҷибу маърифатгустар  меандешам, ҳасрате фарогирам  мешавад, ки  хеле зуд  тарк кард ин ҷаҳонро ў. Агар зинда мебуд, аз рушди  чопи  китоб ва зуҳури  нашриёту чопхонаҳои  муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои  замонавӣ,  аз баргузории  озмуни  “Фурўғи  субҳи  доноӣ  китоб аст”, аз тақдим  ба ҳар хонадон гардидани  “Тоҷикон” аз ҷониби  Пешвои миллат ва аз вуқуи  ҳодисоти  зиёди  нишотбахшу хирадафзо дар саросари  мамлакат  ғўтавар ба дарёи  сурур мешуд, сар ба осмон месуд...

Буд марде некоину шарифу бохирад,

Маърифатмандии  аҳли  даҳр будаш муддао.

Баски  умре дошт пайванди  қавие бо китоб,

Дар намои  ҳар китобе зинда мебинам  варо.

 

Абдурауф МУРОДӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш