Нашрияи Омӯзгор

Баъд аз марг

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 141        Шарҳ: 0

 

Ман ба наздикӣ мурдам. Дирўз. Барои шумо «дирўз» маънои даҳ сол қабл аз инро дорад. Барои ман бошад, аз маргам чанд соат гузаштаасту халос. Марг дар моварои Вақту Фазо абадист (тағйирнопазир аст). Марг марг аст, дар марг ҳеҷ гуна зиддиятҳои дохилӣ мавҷуд нест, он ба фаҳмишҳои «ҳеҷ чиз» ва «на ину он» муқобил гузошта шудааст.

Дар манзили марг ба будану набудан ҷой нест. Ҳама чизе, ки дар рўйи олам ба шарофати ҳастии ман ба вуҷуд омадааст, таносухи моҳияти ҳастии ман аст. Кирму ҳашарае, ки ҷисми маро ҷавидаву фурў бурда, устухонҳоямро тарошидаву тез кардаанд, бар косаи чашмон ва канори лабу даҳонам лағжида ҳаракат мекунанду дандонҳоямро топ-тоза кардаанд, аллакай ҳаром мурдаанд ва ингуна насли дигари кирмҳоро таваллуд ва ба миён овардаанд, ки аз вуҷуди хоки туробшудаи ман ғизо мегиранд ва аз ин хок дигарбораву дигарбора, ба гунаи беохир зиндагӣ тавлид мегардад, тавлид мегардаду ҷўш мезанад. Вале марг авҷ намегираду рушд намеёбад. Ман дар зери замин хобидаам, дар он ҷое, ки гўрам кардаанд ва ба таври абадӣ танҳоям гузоштаанд.

Ман чизеро эҳсос намекунам. Танҳо ба ёд меорам. Ба ёд меорам, комилан ким-кадом корҳои бадеро. Ҳар он чизи хубе, ки андаке дар ман вуҷуд дошт, ҳамроҳи рўҳам ба осмон парвоз кард, лағжида бо қатраяки охирини ашки ман… Ман мехоҳам ба шумо як маслиҳат диҳам. Ҳангоме ки мурданиед, гиря кунед. Кўшиш кунед, ки аз вуҷудатон ақаллан як қатра ашкро фишурда, берун бароред. Ашкҳо роҳро ба сўйи рўҳи шумо тоза месозанд. Ҷаҳд кунед, ки рўҳ ҷисми шуморо тарк созад, дар акси ҳол ба шумо лозим меояд, ки азобҳои бениҳоят даҳшатангезу тавонкоҳро, ки танҳо бар дўши инсон бор мегарданд, сабурона пушти сар намоед. Ман чанде қабл бо мурдае вохўрдам, ки ба рўҳаш имкон надодааст, ки ба озодӣ барояд. Вай нақл кард, ки ўро зинда ба зинда гўрондаанд, мунтазири он нашуда, ки марги воқеияш даррасад. Ба ў лозим омадааст, ки дар хонаи қабр хобида, ҷон ба ҷонофарин биспорад. Ўро нафрат, қаҳру ғазаб ва ноумедӣ дар ҳалқаи худ печонида, чашмонаш хунбор гардида, хун ва даҳшат кўраш карда буданд. Ва ана вай, бо рўҳи худ танҳо ба танҳо дар зулмоти қабр монда буд.

- Ба назарам чунин мерасид, ки ман дар дўзахам, - нақл мекард вай баъдтар. Ман ба ҷонканӣ даромадам, чунонки ба дўзах, ба алангаи сўзони абадӣ, ба оташе, ки ба мо дар бораи он дар рўйи замин гуфта буданд, тела дода бошандам. Ман ҳис мекардам, ки чӣ тавр ҳар як пораҳуҷайраи бадани ман дар оташи ҷаҳаннам месўзад. Устухонҳои ман сўхта хокистар гардиданд, вале азоби кашидани ҷон ҳамоно идома дошт. Дарк кардам, ки ҷисми ман ба гарду ғубор табдил ёфта, вале дар айни ҳол ба зиндагияш идома медоду чун одами зинда будан мехост.

Андаруни ман ким-чӣ ба дард медаромад ва ин дард шиддат мегирифт ва талоши аз пўсти ҷисми обшудаи ман берун баромадан мекард ва ниҳоят шабеҳи он ки оромии деринтизор ёфта бошам, ман хаставу беҷон афтидам. Ва аммо рўҳ дар биҳишт ва ё дар дўзах метавонад биоромад. Дар ҳабси тан рўҳ ҳеҷ гоҳ оромӣ намеёбад. Вақте ки рўҳ асири бадан аст, ин аллакай худи дар аъроф қарор доштани ўст. Азобҳоям то он дам идома ёфтанд, ки аз чашмони ман ашк фаввора зада баромад.

Намедонам, аз чӣ бошад, ман мегиристам; шояд аз дарди муҳлик, ҳарчанд ман дардро он дам ҳис намекардам, шояд аз он сабаб мегиристам, оташе, ки дар он қарор доштам, бағоят сўзону дурахшон буд? Танҳо ҳаминашро медонам, ки билохир ман оромӣ ёфтам. Рўҳе, ки ба хотири он ба ман лозим омад, ки ин қадар азобу машаққатро таҳаммул кунам, ҷисми маро тарк намуд. Маро оромию осудагии мутлақ фаро гирифт.

Мана дар бораи чӣ ҳикоят кард он одам.

Ҳа, боз як маслиҳати дигар. Баъд аз марг зарурат надорад, ки дар болои ҷасадатон гиря кунанд. Ин амал баъдҳо ба зиёни мурдагон анҷом меёбад. Барои зиндаҳо ҳеҷ гап не, вале мурдаҳо баъдҳо дар хонаи қабр абадан азобу машаққат мекашанд, зеро марг ҷовидонист.

Тарҷумаи                                                   

Шодӣ РАҶАБЗОД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш