Нашрияи Омӯзгор

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2021-12-02        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

 

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии  хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

- сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой  (категорияи  1), маоши мансабӣ – 2746,60  сомонӣ;

- муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой  (категорияи  2), маоши мансабӣ – 2256,80  сомонӣ;

- сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой  (категорияи  5), маоши мансабӣ – 1380  сомонӣ;

- мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 2 ҷой  (категорияи  6), маоши мансабӣ – 1124,70  сомонӣ.

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:

-     мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой  (категорияи  6), маоши мансабӣ - 1124,70   сомонӣ.

Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм:

- мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой  (категорияи  6), маоши мансабӣ - 1124,70   сомонӣ.

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:

- сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой (категорияи  5), маоши мансабӣ - 1380  сомонӣ.

- мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой  (категорияи  6), маоши мансабӣ - 1124,70   сомонӣ.

Шуъбаи сифати таҳсилот:

- мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот - 1 ҷой (категорияи  7), маоши мансабӣ – 924,60  сомонӣ.

Шуъбаи аудити дохилӣ:

- сармутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой (категорияи  5), маоши мансабӣ – 1380  сомонӣ.

Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

- мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой (категорияи  6), маоши мансабӣ – 1124,70  сомонӣ;

- мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой (категорияи  7), маоши мансабӣ – 924,60  сомонӣ;

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

Талабот ба довталабон

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои  холии маъмурии хизмати давлатӣ

1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–    дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

–    донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

–    донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–    малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

–    малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

–    кор карда тавонистан бо компютер.

 

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–    дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

–    донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

–    донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–    малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

–    малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

–    кор карда тавонистан бо компютер.

3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва ё психологӣ (равоншиносӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–    малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

–    донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

–    донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–    кор карда тавонистан бо компютер.

4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

      - малакаи кор  бо компютер.

5.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ ё табиӣ- риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

      - малакаи кор  бо компютер.

6.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси

пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи

маориф ва илм:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор  бо компютер.

7.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–    малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

–    донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

–    донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;

–    кор карда тавонистан бо компютер.

8.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор  бо компютер.

9.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси

шуъбаи сифати таҳсилот:

– таҳсилоти олӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор  бо компютер.

10.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ:

–    таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–    2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–    малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

–    донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

–    донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–    кор карда тавонистан бо компютер.

11.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси филологӣ ҳуқуқшиносӣ ва ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор  бо компютер.

12.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор  бо компютер.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj 

 Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш