Савол: Оё гирандагони нафақаи синнусолӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва мактаб-интернатҳо ҳуқуқи фаъолият кардан дар зинаҳои мудири хоҷагӣ, мудири анбор ва сармуҳосибро доранд?
Гурўҳи нафақагирон аз ноҳияи Муъминобод
Посух: Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016) ва дар асоси шартномаи байни корфармо ва корманд, гирандагони нафақаи синнусолӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар дилхоҳ вазифа фаъолият карда метавонанд. Ба ин савол ба мо аз раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ посух доданд.
Ш.РАҶАБЗОД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр